Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон!

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон!

«Меҳргон ба монанди Наврўз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣбуданд, то имрўз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд»

Эмомалӣ Раҳмон

Боз ҷашни Меҳргон омад. Ҷашни пайвандгари аҳду паймон, дўстию рафоқату меҳр ба инсон омад. Ҷашни ҷамъоварии кишту кор ва натиҷаи заҳмати пурбор омад.

Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукўҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукӯҳу шаҳомат, бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намегашт. Нишонаҳои суннатии Меҳргон танҳо дар ёди бузургсолон монда, арзиш ва қимати он аз ҷониби донишмандони соҳаи мардумшиносӣ ҳифзу ҳимоя меёфт ва гоҳ-гоҳ дар маъракаи ҳосилғундорӣ аз он ёд мешуд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои мухталифи мардумӣ аз нав эҳё гардид ва барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад. Махсусан ҷашни Наврўз бо кўшиши бевоситаи Сарвари давлат мақоми баланд ва арҷи арзанда дар кишвар пайдо кард ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Имрўз дар олам баробари дигар ҷашнҳо Наврўз низ бо шукӯҳу шаҳомоти хос доир гардида, асолати пешинаи хешро на фақат барқарор кардааст, балки ба он ҷузъиёти нав ворид гардидааст.

Доир ба ҷашни Меҳргон Сарвари давлат назари некбинона дошта, онро куҳантарин чашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хоса изҳор менамоянд. Дар ҳамин асос ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромада истодааст.

Дар воқеъ, ин ҷашни ниҳоят қадимӣ мероси мардумии мо маҳсуб шуда, аз замоне ки онҳо ба чорподорӣ машғул шуданд, бо замин сару кор гирифтанд ва ҳосил рўёнда, аз дастранҷи худ роҳат диданд, ин маросимро эҳё намуданд ва онро дар доираи тафаккуру ташаккули зеҳнии асотирии ҳамон давраинаашон доир намуданд. Ҳамин ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ишора кардаанд:

«Мувофиқи ойини гузаштагонамон дар рўзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рў, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст. Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рўз сару либоси идонаи арғувонӣ мепўшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд»(www.prezident.tj 2011).

Дар ҳақиқат, яке аз унсурҳои ин ҷашн аз он иборат буд, ки мардум аз баракати ҳосили ҷамъовардаашон шукрона мекарданд ва либосҳои шинаму тоза ба бар карда, баракати солро дар баргузории ҷашни Меҳргон ифода намуда, шодию хурсандӣ менамуданд, ки соли оянда ҳосил боз ҳам фаровон шавад ва дастархони мардум аз маҳсулоти деҳқон фаровон гардад ва инчунин ғубори заҳмати кашидаи худро ба ин восита аз дил мебароварданд.

Дар ин асос мехостем иҷмолан доир ба таърихи пайдоиш ва суннатҳои ин оини басо мардумӣ изҳори назар намоем ва баъзе арзишҳои ҷашни Меҳргонро мавриди мутолиаи хонандагони муҳтарам қарор диҳем.

Вожаи меҳргон аз ду ҷузъ иборат буда, дар луғатномаҳо дар борааш чунин шарҳ омадааст: «меҳр» — муҳаббат, самимият, дўстӣ ва «гон» — далел бар нисбат, яъне ба чизе мансуб будан аст. «Гон» одатан дар охири исми рўз ва моҳи хуршедӣ омада, исми амшоспанд (ҷовидони муқаддас) ва фариштае аз устураҳои қадимаи мо мебошад. Мардуми ориёитабор дар замони бостон чунин рўзеро, ки дар охири рўзу моҳаш пасванди «гон» мегирифт, бо шукӯҳи хос ҷашн мегирифтанд. Барои мисол, метавон аз рўзҳое ёд намуд, ки охирашон пасванди «гон» дошта, мардум ба онҳо эҳтироми фавқулода дошта, ин рўзҳоро ба таври хос қайд мекарданд. Инҳо рўзҳои обонгон, обрезгон, хурдодгон, фарвардгон, меҳргон ва ғайраҳо мебошанд. (Муин, Теҳрон, 1371, с.3174).

Меҳр дар забони санскрит дар шакли митра [mitra], дар «Авесто» митҳра [mithra], дар паҳлавӣ [mitr] буда, пайвандгари рўшноӣ ва нури азалӣ мебошад. Гарчанде иддае аз муҳаққиқон дар баъзе навиштаҳои худ меҳрро хуршед мегўянд, вале Меҳр на фақат хуршед мебошад, балки дар «Авесто» яке аз эзадони устуравии бузург маҳсуб ёфта, ба он одамони ориёӣ ниёиш мекарданд ва аз он омурзиш мехостанд.

Эзади Меҳр дар миёни қавмҳои алоҳида ҷойгоҳи махсус дошта, ба маънии дўстӣ, муҳаббат ва довари бузург ва адолатпарвар амал мекард ва миёни мардум ин хислатҳои башардўстонаро талқин менамуд ва дигаронро низ ба риояи ин арзишҳои эзадӣ ҷалб мекард. Доир ба ин хусияти эзади Меҳр бостоншиносон аз минтақаи Буғозкўй дар яке аз шаҳрҳои Осиёи Хурд лавҳи гилине пайдо кардаанд, ки ба номи Капатука [kapatuka] машҳур буда, марбут ба 1400 сол пеш аз мелод мебошад. Ин лавҳ ва даҳҳо лавҳҳои дигар, ки аз ҷониби бостоншиносон ба даст омадаанд, шаҳодат медиҳанд, ки эзади Меҳр дар замонҳои пеш дар ҳаёти хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ ҷойгоҳи махсус доштааст.

Меҳр дар адабиёти навишторӣ низ маъмул буда, ба шакли Митро яке аз бузургтарин эзадони мардумони ҳиндуэронӣ мебошад. Дар осори санскрит «Ведо» ва «Ригведо» аз он ёд шудааст. Эзади Меҳрро дар китоби «Ведо» ба маънии дўсту ҳамдами ёрирасон маънидод намудаанд. Ин ва даҳҳо далелҳои дигар бидуни ҳеҷ шаку шубҳа исбот менамоянд, ки дар замонҳои бостон ҷашни махсусе барои ин эзад доир мегаштааст, ки баъдҳо ба Меҳргон табдил ёфтааст.

Дар китоби «Авесто», тавре ки дар боло ишорат рафт, Меҳр яке аз бузургтарин эзад маҳсуб ёфта, доир ба он борҳо дар ин китоби муқаддас ёдоварӣ шудааст. Чунончи, дар «Меҳряшт»-и Авесто омадааст, ки Аҳура Маздо Меҳрро мисли худ мешуморад: «Аҳурамаздо ба Спитмон Зартушт гуфт: Эй Спитмон! Ба-д-он ҳангом ки ман Меҳри фарохчарогоҳро ҳастӣ бахшидам, ўро дар шоистагии ситоиш ва барозандагии ниёиш, баробар бо худ, ки Аҳура Маздоям, биофаридам» (Авесто, Душанбе, 2001, с.250).

Аз худи ҳамин ишора маълум мешавад, ки Меҳр дар низоми бисёрэзадии даврони зардуштӣ мақоми хос дошта, барои деҳқонон ва чорводорон арзишманд будааст ва ба тарзи махсус ситоиш ёфта, одамон низ ба он меҳри беандоза доштаанд. Ҳамин асолати ин оини мардумӣ асос гардид, ки баъдҳо оини Меҳр ва ҷашни Меҳргон арзи ҳастӣ намояд.

Баъди пайдо шудани таассуроти асотирӣ доир ба Меҳр он ташаккул ёфта, дар миёни мардум маҳбубияташ бештар гардида, аз доираи устуравӣ ба як оини мукаммали Меҳр табдил шуд. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ оини Меҳр дар замони ҳукмронии Ардашери дуюм (405-395 п.м.) ва Ардашери сеюм (395-338 пеш аз мелод) дубора роиҷ ёфтааст ва тавассути кишваркушоии ҳахоманишиён он ба кишварҳои дигар, ба монанди Осиёи Хурд ва Рум густариш пайдо намуда будааст. Бахусус сипоҳиёни румӣ ҳар ҷойеро тасхир карда, онҳоро маҷбур мекарданд, ки ба оини Меҳр ниёиш кунанд ва рукнҳои онро риоя намоянд. Ҳамин асос шудааст, ки мардумони гуногуни кишварҳои аврупоӣ оини Меҳрро бо худоёни худ, махсусан бо худои Офтоб як медонанд. Мувофиқи маълумоти донишманди эронӣ Ҳошим Разӣ ва пажўҳандагони дигар, ки ба таҳқиқи устураҳои қадим ва муқоисаи онҳо машғул будаанд, ҳатто Юпитер ва Зевсро юнониҳо ва румиҳо ба Меҳр монанд мекардаанд (ниг.: Ҳ.Разӣ, Оини меҳр ва митроизм, Теҳрон, 1371; Мифологический словарь, М., 1990, с.361-362).

Аз ишораҳои мазкур маълум мегардад, ки оини Меҳр ба зиндагии мардуми Аврупо роҳ ёфта, бо тарзи хос унсурҳои гуногуни он эҳтирому ниёиш мегардидаанд. Дар садаҳои аввали пеш аз мелод ба воситаи худи румиҳо оини меҳрпарастӣ ба Аврупои ғарбӣ, шимоли Африқо ва баъдтар дар атрофи Баҳри Сиёҳ, Осиёи Хурд паҳн гашта, бо шаклҳои мухталиф густариш пайдо карда будааст.

Дар садаи чоруми мелодӣ кишвари Рум дар Константинопол дини масеҳиро пазируфта, аз оини меҳр даст мекашад, вале баъзе унсурҳо ва рукнҳои онро нигоҳ дошта, дар дини масеҳӣ бо тарзу мазмуни нав онҳоро ҷойгузин менамояд ва бо мурури замон суннатҳои оини Меҳр ба оини масеҳият табдил меёбанд. Ҳатто се рўзи пас аз таваллуди Хуршедро, ки ба 22 декабр рост меояд, ба 25 декабр табдил дода, онро шаби таваллуди Исои Масеҳ эълон намуданд ва ба ин санаи асотирию бостонӣ ҷанбаи қадимию таърихӣ ворид намуданд. Ин гуна трансформатсияи рамзҳову улгуҳои асотирӣ, ки аз як макон ба макони дигар, аз як оин ба оини дигар гузаштаанд, дар устурашиносӣ ва осори фолклорӣ ниҳоят зиёд буда, қадимияти ин арзишҳоро бори дигар исбот менамоянд.

Бешак, дар миёни қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, эҳтиром ба эзади Меҳр роиҷ гардида буд ва тайи садсолаҳо ҷойгоҳи парастишӣ дошт ва мардум онро ситоиш карда, рукнҳои ин оинро риоя ва иҷро мекарданд. Ба ин ҷиҳат, то ҳол дар баъзе минтақаҳои Эрони имрўза зодрўзи Меҳрро, ки ба шаби дарозтарин – 22 декабр рост меояд, ёд мекунанд. Ба гуфти баъзе пажўҳандагон, шояд ҳамин ҷашн бо мурури замон ба ҷашни Меҳргон табдил шуда бошад (ниг.: Разӣ, Оини меҳр (митроисм), Теҳрон, 1371).

Барои таъйин намудани рўзи Меҳргон ҳамаи пажўҳандагон асосан ба Берунӣ такя намудаанд. Чунки ки ў ҳамаи санадҳои барояш мавҷудро бо тафаккури мантиқию оқилона мавриди баррасӣ қарор додааст. Тибқи гуфтаи Берунӣ, ҷашни Меҳргон 16 меҳр (баробари 7-8 октябр) ва «Меҳргони бузург» 21 меҳр (баробари 11-12 октябр) будааст (ниг.: Берунӣ. Осор-ул-боқия, Душанбе, 1990, с.243). Албатта, ин таърих мувофиқи тақвими расмӣ ва мардумии замони Берунӣ аст.

Пажўҳандаи даниягӣ Артур Кристенсен (1875-1945) тақвими овардаи Беруниро баррасӣ карда, ба чунин натиҷа мерасад, ки Берунӣ дар баъзе ҷойҳо оғози солро моҳи дай ва дар ҷойи дигар оғози солро моҳи Фарвардин гуфтааст. Ба гуфти А.Кристенсен, «ба ҳамоҳангии гоҳшуморӣ таваҷҷуҳ накардааст» (А.Кристенсен. Нахустин инсон ва нахустин шаҳриёр / Тарҷумаи Ж.Омўзгор, А.Тафаззулӣ. Теҳрон, 1377, с.221). А.Кристенсен гуфтаи Берунӣ ва назару ҷадвалҳои олимони дигарро шарҳ дода, бар он ишорат мекунад, ки 16 меҳри замони Берунӣ баробари 2 октябр мебошад (ниг.: ҳамон ҷо, с.219).

Пажўҳишгари дигар Ҳошим Разӣ рўзи ҷашни Меҳргонро бар асоси гуфтаи Берунӣ ва тақвими қадимӣ 16 меҳр донистааст, ки ин ҳам мутобиқ ба 7-8 октябр аст (ниг.: Разӣ Ҳошим. Оини меҳр (Митроисм). Теҳрон, 1371, с.35; Разӣ Ҳошим. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои эронӣ. Теҳрон, 1371, с.501).

Мардумшинос Маҳмуди Руҳуламинӣ зимни ишорат ба тақвимҳои пешин, ки Меҳргон 16 меҳр (7-8 октябр) ҷашн гирифта мешуд, ишорат бар он намудааст, ки соли 1304 (1925 мелодӣ) дар замони Ризошоҳи Паҳлавӣ (тав. 1878 – ваф. 1944; ҳукумат 1925-1941) тақвимҳои гузашта мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Дар натиҷа он ба 5 рўз тағйир ёфт. Аз ин рў, Меҳргонро 10 меҳр (2 октябр) ҷашн мегирифтанд. Яъне ба гуфти бархе аз пажўҳандагон, 10 меҳр ба ҳамон тақвими замони Берунӣ- 16 меҳр баробар будааст. Ҳамин тавр дар замони Ризошоҳ Меҳргон дар 10 баҳман, ки ба 16 баҳмани пешин мувофиқ аст, ҷашн гирифта мешуд. Тибқи ҳамон муқаррарот зардуштиён ҳоло низ Меҳргонро 10 баҳман (2 октябр) ҷашн мегиранд (ниг.: Руҳуламинӣ Маҳмуд. Оинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Эрони имрўз. Теҳрон, 1378, с.83).

Бояд ёдовар шуд, ки дар тақвими авестоӣ як моҳ аз сӣ рўз ва як сол аз 12 моҳ иборат буда, ҳар рўз дорои як ном аст ва 12 моҳ низ номҳои худро дошт. Дар қадим ҳар замоне, ки номи рўз ва номи моҳ ба ҳамдигар мувофиқ меомад, он рўзро бо тарзи хос ҷашн мегирифтанд. Дар ин миён шонздаҳуми ҳар моҳ «меҳр» ном дошт. Аз ин рў, рўзи шонздаҳуми меҳрмоҳ (2 октябр) ҷашн барпо мегардид, ки он ба ҷашни Меҳргон рост меомад (Разӣ, Оини меҳр (митроисм), Теҳрон, 1371, с.40).

Дар замони Ҳахоманишиҳо ва баъдан чандин садсолаҳо ин ҷашн бо шаҳомати бузурге доир мегашт. Мувофиқи баъзе ақидаҳо ва ҳисоби махсуси зардуштиён ҷашни Меҳргонро бар асоси тақвими бостонии хуршедии авестоӣ баргузор мекарданд, ки он баробари даҳуми меҳр (баробари 10-12 октябр) буда, шаш рўз фарқ дорад. Дар ин бора дар бозёфтҳои бостоншиносӣ, манобеи навишторӣ ва ҳамчунин суннатҳои гуфтории мардуми эронитабор далелҳои мўътамади зиёд мавҷуданд (ниг.: Разӣ, Оини меҳр (митроисм), Теҳрон, 1371).

Нисбат ба рўзи ҷашни Меҳргон метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки онро дар кишвари мо дар нимаи нахусти моҳ, то 15 окябр таҷлил намудан мувофиқ аст.

Таърихи аслии баргузор намудани ҷашни Меҳргон чунин буд. Дар замонҳои қадим сол ба ду тақсим мешуд, ки инро дар тақвими авестоӣ метавон дид. Якеро тобистон [«ҳама = hama» мегуфтан ва дигареро зимистон [«зайама = zayama»] меномиданд. Тавре ки А.Кристенсен бар асоси сангнавиштаҳои кўҳи Бесутуни замони Дарюш (Доро) ёдовар мегардад, оғози соли ориёиҳои бостон дар поиз (тирамоҳ) будааст. Дар ин оғоз ҷашни бисёр маъруфе будааст, ки онро Меҳргон, яъне Багаёда (bagayāda) мегуфтаанд. Аммо дар охири фармонравоии Дорюш тақвими мисрӣ пазируфта мешавад, ки тибқи он сол ба 12 моҳ тақсим шуда, сол ба эътидоли баҳорӣ (Наврўз) оғоз мегашт ва ин соли дини зардуштиён гардида, то имрўз идома дорад (А.Кристенсен. Нахустин инсон ва нахустин шаҳриёр / Тарҷумаи Ж.Омўзгор, А.Тафаззулӣ. Теҳрон, 1377, с.477).

Тавре ки дар «Бундаҳишн» омадааст, тобистон аз ҳафт моҳ 210 рўз иборат буд ва зимистон аз панҷ моҳу панҷ рўз ё 155 рўз. Аз ин рў, дар оғози фасли тобистон Наврўзро ҷашн мегирифтанд ва дар оғози фасли зимистон Меҳргонро.

Баъдтар дар замони Сосониён аз ин ду фасли нобаробар чаҳор фасли баробар ба вуҷуд оварданд, яъне ҳар фаслро ба семоҳӣ – баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон тақсим намуданд, ки то имрўз давом дорад. Агарчи фасли ҳар сол ба чаҳор ҷудо шуд, вале ҳамоно мардуми эронитабор ду ҷашнро – Наврўз ва Меҳргонро якранг ҷашн мегирифтанд. Дар рўзгори пешин бузургии ин ду ҷашн чунон буд, ки якеро аз дигаре боло намешумурданд. Ҳатто дар манобеъ ва дар миёни мардуми эронитабор бо такя бар гуфтаи Салмони Форс, ки Берунӣ бар он ишорат кардааст, мегўянд: Худованд ёқутро дар Наврўз ва забарҷадро дар Меҳргон барои зинату ороиши бандагонаш падид овардааст.

Дар байни ин ду ҷашн ҳамоҳангиҳои зиёде мавҷуд мебошанд, ки донишмандон борҳо ба муштаракоти он ишора кардаанд ва ба бузургии мардумони пешин аҳсан хондаанд. Чунончи, дар моҳи фарвардин (март), аввали баҳор баргузор шудани Наврўз ва дар моҳи меҳр (октябр), аввали тирамоҳ баргузор шудани Меҳргон, албатта, рамзҳои худро дорад. Дар ҷашни Наврўз низ наврўзи омма ва наврўзи хоса ҳаст ва дар ҷашни Меҳргон ҳам Меҳргони омма ва Меҳргони хоса қайд мегардад. Расму оинҳои ба ҳамдигар монанд доштани ин ҷашнҳо инчунин дар баргузор намудани маросими махсус барои расидан ба арзи мардум, ҳадя додан ба шоҳон, тақдими ҳадяи либоси зимистонӣ аз ҷониби шоҳ, маросими офаринхонӣ, ороиши дастрахони меҳргонӣ ба назар мерасад. Дар баробари ин қадимият, ин ду ҷашнро муҳаққиқон эътироф карда, арзи ҳастӣ кардани Наврўзро ба Ҷамшед ва Меҳргонро ба Фаридун нисбат медиҳанд. Бартарии Наврўз иборат аз он аст, ки аз зинда гардидани табиат башорат медиҳад ва баробарии хуршед дар бурҷи ҳамал аст. Меҳргон саршавии нимаи дуюми сол ё оғози соли Ҳахоманишии фасли тирамоҳ мебошад. Яъне ҳулули хуршед дар бурҷи мизон мебошад. Ин монандиҳои ҳаётан воқеӣ аз таҷрибаи бузурги рўзгордории хонаводаҳои мардуми эронитаборон, аз ҷумла тоҷикон шаҳодат дода, бори дигар қадимӣ будани ин ҷашнҳо ва аз замонҳои пешин фарҳангпарвар будани ниёгони моро тасдиқ менамоянд.

Мардуми мо аз қадим ба арзишҳои фарҳангию оинҳои хеш эътимод дошт ва ҳар як унсури устуравию суннатҳои мардумиашро дар ҳофизаи фарҳангии худ ҳифз намуда, бо асолатҳои инсондўстонааш то пайдо шудани осори навишторӣ нигоҳ намуда будааст, ки Наврўзу Меҳргон аз ҷумлаи онҳост.

Ҳамин ҷанбаи инсондўстонаи ҷашнҳои мазкур, бахусус Меҳргон асос шудааст, ки таърихшиносони юнонӣ ба он бо назари нек нигаристаанд. Онҳо иттилоъ додаанд, ки дар замони Ҳахоманишиҳо ба Меҳргон таваҷҷуҳ бештар будааст. Тибқи маълумоти таърихнигорони юнонӣ, бо номи митроконо («mitrākānā») ҷашне будааст, ки дар тамоми Осиёи Хурд бо шукӯҳу шаҳомат баргузор мешудааст. Ин ҷашн бо ҷашнҳои кишварҳои дигар ва худоёни юнонӣ омехта шуда, ба ифтихори Меҳр (Митро) барпо мешудааст.

Аз рўи ривоятҳо дар ин ҷашн аҳли муғону рӯҳониён аз пеш, ба дунболи онҳо ҳунармандон, баъд мардум ва тамошогарон ҳаракат менамуданд. Дар ин маросим қурбониҳо, рақсу бозӣ, шаробнўшӣ, хурсандии фаровон будааст. Ба ишорати таърихнигорони Юнони бостон, подшоҳони эронӣ дар чунин ҷашнҳо, ба ғайр аз ҷашни «митроконо», маст намешуданд ва дар шодию хурсандии умумӣ ширкат мекарданд. Кисенафон ва Плутархи юнонӣ мегўянд, ки бузургон ва шоҳони эронӣ ба номи Митро савганд ёд мекарданд. Шоҳони эронӣ барои баргузор намудани ҷашнҳои Наврўз ва Меҳргон кохи махсус доштанд. Дар ин ҷашнҳо навозандагон оҳангҳои дилнишин менавохтанд ва хонандагон сурудҳои дилнавоз месароиданд. Ба шоҳ ҳадяҳо месупурданд, ки ин баъдан дар даврони Сосониён низ идома дошт, ки дар бораи он аз тасвирҳои Тахти Ҷамшед метавон иттилоъ пайдо кард. Дар Меҳргон шоҳони ориёӣ либоси махсуси гаронбаҳо ба бар менамуданд ва тоҷи махсусеро, ки нақши хуршед дошт, ба сар мегузоштанд (ниг.: Разӣ, Оини меҳр ва митроизм, Теҳрон, 1371).

Доир ба ҷашни Меҳргон инчунин дар сарчашмаҳои хаттии пешина ва осори адибони гузашта маълумоти фаровон омадааст, ки ҳар кадом бо диду андешаи худ аз сифатҳои ин ҷашну оини куҳан хабар додаанд ва онро беҳтарин маросими мардумӣ муаррифӣ намудаанд.

Тавре ки дар боло ишора шуд, Наврўз ба номи Ҷамшед ва Меҳргон ба номи Фаридун вобаста аст. Дар ин бора дар сарчашмаҳо зиёд ишорат шудааст. Дар «Шоҳнома» омадааст, ки баъд аз Ҷамшед салтанатро Заҳҳоки морон ба даст гирифт, ки дар он замон мардум ба ситам ва азобу азият гирифтор буданд. Хушбахтона, аз насли Ҷамшед абармарде бо номи Фаридун пайдо шуду Заҳҳокро аз сари ҳукумат дур сохт, ки ин дар моҳи меҳр рух дода буд. Мардум аз ин воқеаи нек, аз ин озодӣ ба ваҷд омада, ҷашни бузург баргузор намуданд. Номи ин ҷашнро Меҳргон гузоштанд, ки Фирдавсӣ дар ин бора гуфтааст:

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎