(3.03.2012) Шокира: Хиёнат душмани ишк аст

(3.03.2012) Шокира: Хиёнат душмани ишк аст

Шокира Исабел Мебарак Рипол машхур бо исми Шакира, 2 феврали соли 1977 дар шахри Баранкиляи Колумбия ба дунё омадааст. У хеле барвакт сохиби истеъдоди нодиру фавкулода буд. Хануз аз синни сесолаги озодона хондаву навишта метавонист , дар синфхои ибтидои аз хамсабаконаш дар чанд зина боло карор дошт. Дар синни хаштсолаги аллакай кариб аз хамаи хунархо аз чумла рассоми, сурудхони ва аз санъати ракс ба хуби огох буд. Ва озодона шеър эчод мекард. Исми у аз тарчумаи араби маънои шукронаро дорад. Вакте синнаш ба сенздах мерасад бо студияи сабти овоз аввалин шартномаи хамкори мебандад. Нахустин албомхои у « Сехр» ( «Magia») ва « Хатар» (« Peligro») ном доштанд. Дар албом сурудахояш аслан дар стили поп буданд вале бо баъзе сабабхо шухратёр нагаштанд. Албоме, ки шухрати оламгирро барояш тухфа кард « Орзухои беохир» ном дорад, ки соли 1995 сабт гардидааст.

Дар муддати хеле кутох садои маргуладор, харакатхои афсунгару комати дилфиреби у тамоми сайёраро ба ларза овард. Имруз клипхои у дар бузургтарин телевизионхои чахони намоиш дода мешаванд. У яке аз серхаридортарин ситорахои самои бегубори олами савту навои Гарб ба хисоб меравад. Соли 1999 сохиби аввалин чоизахои хунари гаштааст. Кариб бо тамоми забонхо суруд хондааст. Муносибатхои бардавоми у бо писари собик президенти Аргентина Антонио де ла Руа, ки кариб 11 сол давом карданд, мохи августи соли 2010 хотима ёфтанд. Мухаббати эшон дар хакикат бузургу амсоли афсона зебо ва пардапуш буд, ки бо чудои фарчом ёфт. Шакира аз ин ишки нокоми худ шиква намекунад, аммо тавассути сурудхояш хамеша ба ошикон тантанаи вафодори мекунад. Максуд аз сурудхои шуху дилнишинаш, лахзае хам бошад дармони рухи озурдаи инсон аст. Пас аз чудоихо Шакира боз дубора бо футболисти машхур Жерар Пике муносибатхои ошикона барпо сохт. Шакира хамчунон ба эхсонкори машгул аст. Дар Колумбия аз мухаббати зиёд ва мехру ихлоси беандоза хамзаминонаш дар мавзеи зебое пайкараи уро бунёд кардаанд.

Айёми тифли

— Рост аст, ки Шакира дар кудаки “вундеркинд”, яъне сохиби кобилияти фавкуллода буд?

— Намедонам, вале шахсан худро ягон кудаки гайриодди намехисобидам. Ягона дороиям ин пеш аз хама волидайни гамхорам хастанд, ки дар тамоми лахзахои зиндаги дастгиру мададгори мананд. Махсусан падарам нихоят мехрубон аст аз айёми тифли маро дар огушаш парварида ба камол расонидааст. Дар оила фарзанди ягонаам вале падарам аз никохи аввалааш хашт фарзанд дорад.

— Гуё аз тамоми хунархо бахравар хасти. Дар хар кучое, ки набоши вирди номат сару садохо зиёданд. Чи гуна аст хаёти рузмарраи Шакира?

— Дерест, ки зиндагии мукаррари надорам, хар руз графики кориям иваз мешавад. Танхо хангоме, ки ба зодгохам меравам, камее хам бошад нафаси осуда мекашам, бо сагчахоям бози мекунам, гулпарвари мекунам ва китоб мехонам. Хангоме, ки нурхои хуршед падидор мешаванд, боз хамон як рузи сертараддуди Шакира, ки фарогири ташвишхои эчодиянд огоз мешавад.

Пас аз чудоихо…

— Дусти наздикатон Бийонсе пас аз интизорихои зиёд сохиби точи аруси гардид. Аммо чаро мухаббати бузурги Шумо ва Антонио бо издивоч фарчом наёфтанд?

— Нисбати муносибатхои мо овозахои бардуруг хеле зиёданд. Мухим аз хама мо ишки пок доштем. Шояд дар хаёт ин аввалин ва охирин мухаббати хакикии ман бошад. Зеро дар зиндаги мухимтар аз ишк чизи дигаре нест. Барои издивоч мо харду омода набудем.

— Туйи аруси дар олами орзухоят бояд чи гуна бошад?

Албатта бо пирахани бошукух ва сафеди аруси ( механдад) дар мавзеи бисёр зебо шояд лаби бахр бошад. Бояд як рузи бисёр хотирмону нотакрор бошад.

_ Мухаббати фосиладори шумо бо Жерар Пике амсоли афсона рангин буданд аммо чашми баде расида бар он ?

-Дунёи афсона бисёр зебост, вале афсус, ки тамоми афсонахо хеле зуд анчом меёбанд. Дар зиндаги мухим аз хама вафову садокат аст. Хиёнат бошад душмани ишк аст. Дар хаёт ду чизро намепарастам, ки яке дуруг дигаре хиёнат аст. Шояд ин сабаб шуд, ки байни мухаббату нафрати ман нисбати Жерар фосилае боки намонд.

_ Вале шояд чозибае дошт,ки махз у Шакираро мафтун карда буд?

-Бале пас аз ошнои бо Жерар ман варзишро хеле дуст доштам. Варзиш ин мухориба аст ва агар инсон хохад у метавонад дар замири кудак хислатхои начиби инсониро тарбия намояд. Жерар хамчунон нисбати чинси латиф эхтироми хоса дорад.

_ Чудои аз ин кабил марди мехрубону гамхор бароятон гарон буд?

-Эхсоси ишк харчанд нарм аст пас аз нокоми захромез мешавад. На, пас аз чашидани захри нокомихоии ишки аввал дигар гаронтарин дарде бароям вучуд надорад.

Дунёи розхо

_ Хангоме туро ба Бритни Спирз монанд мекунанд, боиси норохатиат намегардад?

-Ин гуна холатхо буданд вале ба гумонам мо на зохиран ва на ботинан ба хам шабохат надорем. Шояд ин аз сабаби дигаргун кардани имичи ман бошад. То он замоне ки муйхои сиёх доштам касе моро монанд намекард.

_ Дар зиндаги аз чи харос дори?

Аз марг, аз торики, аз сукути беохир. Зеро марг ин фарчоми орзухои ширин, фарчоми ишки замини ва хаёти рангини одамист.

_ Чиро дар худ намеписанди?

-Хангоме, ки хеле хашмгинам ва ё гохо худ аз худ гамгин шуданамро. Мехохам хамеша дар лабонам ханда хувайдо бошад, зеро махз ханда калиди хушбахти, кафили солими ва бардавомии умр ва нихоят пайвандгари калбхост.

_ Имруз ту яке аз машхуртарин ситорахои натанхо Америкаи Лотини балки кулли сайёра хасти? Ба шухрати худ чи гуна муносибат дори?

-Дар вокеъ хатто дар хобу хаёлам чунин шухрати чахониро орзу намекадрдам. танхо мехостам хунари хешро равнак бидихам. Ин хама музаффариятхо низ тавассути талошу кушишхои пайваста ва шабхои бехоби ба ман муяссар гаштааст. Хангоме дар кучахо бо як лутфу мехрубони мухлисонам ба ман назар медузанд , гохе, ки дастхат талаб мекунанд, дар косертхоям хамеша толор пур аз кафкубихову тахсину офарин мегарданд аз ман шахси хушбахттаре нест дар дунё.

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎