Чаро Сорбон духтари 3-солаашро кушт? ВИДЕО

Чаро Сорбон духтари 3-солаашро кушт? ВИДЕО

Сорбон Салимов, сокини деҳаи Тудабоёни ноҳияи Ҳамадонӣ, рӯзи 19-уми марти имсол духтараш Момагули сесоларо бо зарби бел кушт. Вай ҳамон рӯз духтари дигараш Раҷабгул ва ҳамсараш Боғигулро низ сахт маҷрӯҳ кард.

Қодир Салимов, падари Сорбон, рӯзи 22-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "як вақт садои бел шуд, нигоҳ кардам, ки ба сари занаш зад. Ҳамсараш ба замин афтод. Аз ҳамин ҷойи танг бо калла паридам, то пеши роҳашро бигирам. Дар 3 сония якбелӣ заду гурехт."

Чаро Сорбон духтари 3-солаашро кушт
  • Ирсол ба Facebook
  • Ирсол ба Twitter

Феълан кор намекунад

Сорбон Салимови 31-сола баъди гурехтан аз хона ба ҳавлии сокини дигари деҳа рафт ва бо зарби бел як зани 53-солаи дигарро кушт ва як нафари дигарро маҷруҳ кард. Зоҳиран ин фоҷиа ҳеч гоҳ аз ёди падари Сорбон намеравад.

"Ҳамин ҷо хун буд, ҳоло тарошидем. Ба фикрам, ҷони духтари 3-солааш Момагул дар ҳаминҷо баромада буд", - ба ёд овард ӯ.

Волидонаш иддао доранд, ки сабаби ин рафтор бемории рӯҳии Сорбон буд, ки дар артиш ба он гирифтор шуд. Қодир Салимов мегӯяд, "як солу ҳашт моҳ аз артиш занг мезад. Баъдан бедарак шуд. Мо фикр кардем, ду моҳи дигар мондааст ва бо амри Худо меояд. Хидматаш тамом мешавад, дигар хабаргирӣ нарафтем. Баъд омад, чашмонаш дар ҷояш набуд."

Мавҷигул Раҳимова, модари Сорбон Салимов низ мегӯяд, вақте ба истиқболи писари сарбозаш шитофт, ҳушаш дар ҷояш набуд. "Хостам бо писарам салом кунам, аммо ӯ ба осмон нигоҳ мекард. Падараш набуд, ба тағоҳояш занг зада гуфтам, ки биёед писари ман мушкил дорад”, - нақл кард ӯ.

Сорбон дар воҳиди низомии 051052 аз соли 2009 то соли 2011 хидмат кардааст. Қисми низомӣ ҳанӯз қазияро шарҳ надодааст. Пас аз хатми хидмат, табибони вилояти Хатлон хулоса додаанд, ки ӯ ба маҷзубияти параноидӣ бо раванди хуруҷманд гирифтор аст, ҳарчанд дар гузашта надошт ва дар авлодаш ҳам касе ин бемориро надорад. Волидон мегӯянд, барои муолиҷа ба чанд ҷо муроҷиат карданд, вале бенатиҷа.

Сорбон Салимов дар боздошт аст, таҳқиқи қазияааш идома дорад. Ҳоло волидонаш мегӯянд, агар писарашон гунаҳкор бошад, ҷазояшро бигирад, вале мехоҳанд, онҳое низ дар назди қонун ҷавоб гӯянд, ки писарашонро ба ин ҳол оварда, оромиро аз ин хонавода барои ҳамеша бурданд.

“Ба Додситонии Кӯлоб, ба милиса рафтам, ба ҳукумат ду бор рафтам, ягон одам ба доди ман нарасид. Акнун меоянд, ҳама меоянд. Чаро ба доди ман нарасиданд? Ман барои ҳифзи давлат фарзанд фиристодам, аммо барои худам ва барои ҳамсояаам душман овардам”, - гуфт Мавҷигул Раҳимова.

Маҳмудҷон Раҳматзода
  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед (10) Коронавирус ва илтиҳоби шуш инҳоро аз байни мо бурд Афғонистон, Украина ё Рустами Эмомалӣ? Таҳлилгарон аз сафари Путин ба Тоҷикистон чӣ меҷӯянд? ВИДЕО   Боздошт ва эҳтимоли истирдоди як ҳамкори Иззат Амон аз Русия ба Тоҷикистон Ҷузъиёти сафари Путинро ба Душанбе гуфтанд. Мушовири Зеленский ҳушдор дод. ВИДЕО

Шарҳҳо

Точикбачча дуруг мегуй. Ба ягон кавм хидмат накардааст. На миллатчи ранги ту буд, на кавмгарои мекард. Гармие, ки вакти чанг аз савхоз Куйбышев гурехта будан ба тарафхои колхозободу кумсангир шахсан Файзали ба чои зисташон оварданро сар кард. Амр дод ягон кас ба онхо халал наросонад.

Дар планета земля конунхои ба монанди чудо кардани замин барои камбизоатон , баланд бардоштани музди мехнат , баланд бардоштани нафака , ташкил кардани чойхои нави кори , ёрдам кардани касалмандон бо тарики пулию моли. А дар мо бошад ягон соле нест ки фазои диндоронро танг накунанд . Инхо сад дар сад айнан монанди изроилихо нисбати фаластинихо зулм карда истодаанд . Хаёл мекунанд ки бо ин рох динро аз дилхои мардум гум мекунанд . На акл доранд на тамиз на эмон . Аз бесаводии худашон намедонанд дигар чи конун бароранд . Як халта орд 400 сомон шудаст , инхо кай парво доранд . Миллатро хамту ба холи худ мондаанду чи коре хоханд карда истодаанд . Як зарра дар фикри халк шумо нестед чанобон .

Маъмулан аз инсони маризии ПАРАНОЯ шуда бояд ДУРИ чуст чун,ки ин гуна МАРИЗОН аз вокеият ДУР афтона дар хама холат ба худ ТАХДИД-ро эхсос мекунанд. мисоли РАВШАН ин хучуми путин бе ягон АСОС ба Украина. ин яке аз симптомхои ПАРАНОИ мебошад. ва ман диктатори АЙЁРИ рахмонро МЕФАХМАМ за поседнюю НАДЕЖДУ и за СОЛОМЕНЬКУ пытается СХВАТИТСЯ яъне барои бачааш шуда рисковать карда счетхои худу ОФШОРИИ оиларо ки аксаран дар ИХТИЁРИ гарбан под УДАР монда бо ИЗГОЙ барои тамоми ЧАХОНИ солим андеш МОНАНДИ путин барои ба сари КУДРАТ овардани БАЧАШ мехохад ДОГОВОРИСЯ кунад. ва акли рахмон НАМЕГИРАЛ,ки бачаш ЯКТАРАФ худи у холо под вопроси КАЛОН галтидагиаст чун,ки МИЛЛАТ дигар САБР кардани НЕСТ. ва АМАЛАН аз пайи уву авлодаш шудаанду ва дар наздиктарин ФУРСАТ барканораш мекунанд. дигар замони мушу гурба БОЗИ гузашт. вакте миллатро ПАРОНИ ва гуфти ДИГАР илоч НАДОШТАМ чавобашро ИНТИЗОР бош.

1. Россия будет искать возможности обходит санкции через таджикискую сторону. 2.Вопрос присутствие тадж.военных в украинском конфликте как член ОДКБ. 3.Вопрос передачи власти от отца к сыну. 4.Транзит российской АГС в соседний Авганистан. 5. И НИЧЕГО ХОРОШЕГО НАС НЕ ЖДЕТ ОТ ЭТОГО ( СУГУБО ЛИЧНОЕ МНЕНИЕ)

Азобу мушакати мо мухочирон бадтар аз вазъи Украинаву Афгонистон аст. хуб мешуд масълаи мухочиронро медидан

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎