САРВОДАИ САРМАДИ (кисми охарин7)

САРВОДАИ САРМАДИ (кисми охарин7)

Худо медонад ки кадомин аём модаре дар диёрамон чун ако Раҷабов дорулфунуне поён надода- донишманде муфассири панд – номаи ниёгон, натоқе соҳиру маҷлисро ба ҷаҳон орад. Қариб ду даҳсола дар кӯҳистони Мастчоҳ ифои вазифачӯи масъул дар дӯш доштам. Бо ин пири хирад борҳо дар деҳоти ин водии фирдавссифат сафарҳо доштам. Дар ҳар сафар аз ишон дарси муносибад бо ҷамеа гуфтору кирдор санъати сухангӯиву маънибардори фазилати пандпазири эҳтироми рӯҳи гузаштагон қадри имрӯзиён маънии чанд рӯзе дар ин дори фоно буду бошамон аз бар манамудам. Масалан дар фазилати адаб устод ин сухани бузургиро ёдрас медоштанд:

Адаб тоҷест аз нури илоҳи, Бинеҳ бар сар бирав ҳар ҷо ки хоҳи.

Аз дафтари хотираҳои устод мехонем : “ Вақти раис интихоб шудан 24 сол доштам ”. Аз илми сарвариву деҳқонӣ чандон бархӯрдор набудам. Пирони деҳ – акои Маҳадшариф, Давлатмалик, Муллоюнусу Ниёзбобо машварату ёронашонро бароям арзони доштанд. Анбори колхоз тихи 15 сар аспу 25 сар гов ва як сар аспу 250 сар бузу гӯсфанд боигарии ферма буду бас. Тӯли ду сол шумораи чорво садҳо сар афзуд. Дар анбори колхозу ҳамбахои аҳли деҳот гала намегунҷид. – Аз худ розиед, устод ? – – Норизо бошам пушаймон нестам. Агар ин матлаб ҷидди пазиред, ношукри ба даргоҳи Худо мебуд. На, ҳазорон шукр парвар – дигорро, ки банда умр ба дасти бад надодам. Аз ман мақбули дарго – ҳи он зоти пок, ки хости худаш буд, амале рух намедод, оё ситораи панчгушаи тилло сари сипарам чило медод? – гуфтанд хандида. Бале, бо он ситора ифтихор дорам. Вале ҳаргиз он инъомро ман – суби заҳмати хеш намедонам. Агар чунин ман – манӣ гӯям носипосиву номардӣ мебуд. Ба рости айёми ҷавонӣ бо худ гуфтам : оё рӯзе фаро мерасида бошад, ки ҳамингуна ҷоизаи олӣ ба банда насиб мекарда бошад ? Барҳақ, фармудаанд:

Ҳар чиз талаб кунӣ, биёбӣ, Рӯ аз талабаш агар натобӣ.

Чун ҳамдиёрон инҷонибро ба мақоми роҳбарӣ писандиданд, “ бо дил гуфтам : зи дигарон беш мабош “ Аз сидқи дил, ҳалол меҳнат кардам, аз паи молу сарвати дунё нарафтам. Ин буд шиорам :

Дунё агар диҳандам наҷунбам зи ҷои хеш, Ман бастаам ҳинои қаноат ба пои хеш .

Мардумро дар атрофи худ муттаҳид сохта, софдилона ҳамагон аз як гиребон сар берун овардем. Ва он чи матлаб буд, Худованд бароварда гардонид. Ҳамдиёрон аз мусофирату саргардониҳо боз- омаданд, чӯли ноободро ба бустони ҳақиқӣ ббадал сохтем. Маҳз, ҳа- мин пиру барно, марду зани бонанг буданд, ки доди корро доданд. Ва ҳукумат сазовор донист ишонро ба унвони олии Қаҳрамони меҳнат, ки пеши ман аст. Оре, халқ қаҳрамонӣ зоҳир намуд. Вагарна аз мани маъюб куҷо амали қаҳрамонӣ сар мезад? Медали тилло рамзи қаҳрамонии онҳоест, ки Диилварзинро ба боги биҳиштманзар бадал бинмуданд.

Норозиям – гуфтам дар чавоб ба пурсиши шумо. Оре, дар ин калима метавон ҳақиқатро чуё буд. Чилсолагии азхудкунии замин дашт тачлил гашт. То панҷоҳсолагии футӯҳоти он касоне, ки хишти аввалини ободонӣ гузошта буданд, шояд ангуштумор монанд. Ва дидани он рӯз боз насиби касе шавад, ба гумонам мисли пештара як маҷлиси мутантану пурмӯҳтаво, зиёфати шоҳона. Басо афсӯс мехӯрам, ки то ҳанӯз арзишман асаре, ки симои фоте- ҳонро, ҳақиқати талху ширини афхудкуниро бозгӯ бошад ба табъ нарасидааст. Ва ба назари банда хеле муҳиму зарурист, агар бо ифтихори корномаи аввалинҳо муҷассамае, ки худ баёнгари ҳамаи рӯзгори пешиниён бошад, бунёд бисозем. Зеро он ҳам поси хотири он қаҳрамонҳо хоҳад буд ва баъдан дар тарбияи наврасони имрҳзу оянда нақше хоҳад дошт. Норозиям, бале. Аз он ки сарварони пешин он ҳарфи олимонро : ин дашт дар сурати обшор гардидан бими ба заҳистон бадал шудан дорад, ба инабат нагирифтанд. Ва ин дам, ки оби зеризаминӣ боло медамаду даҳҳо манзили зист фурӯ меравад, оё чӣ рӯзҳои сахту даҳшатбор пеши рӯй дорад ? Ки ғами одамон мехӯрад ? Оё кафолати ҷуброни зарарҳо вуҷуд дорад, дар ҳоле, ки аксари мардум дар ҳоли фақру бенавоӣ ба сар мебаранд ? Боз аз он норозиям, ки ифодаи Ҳофиз – он булбули Шероз беш – тар эҳсос мешавад :

Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам, Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.

Бе парда таъкид менамоям, ки ҷомеа ба қашшокии маънавӣ рӯ ба рӯ омадааст. Бархе аз ҷавонону наврасон аз ҷодаи одаму одамият берун по мениҳанд. Боиси таасуф аст, ки аҳли фарҳангу ҳунар қадру қиммат надоранд. Гузориши таълиму тарбия дар мактабҳо ба ҳоли ногувор афтидааст. Устодон ҳуқуқи ночиз мегиранд, ки китобу дафтару давод дастраси муҳассилин нест. Агар сарварон андешаи беҳдошти маорифу соҳаи ҳифзи сиҳатии оммаро дар сар надоранд, дар сиёҳномаи таърих сабти ном хоҳанд шуд. Боз дарднок он аст, ки на ҳамаи масъулону сарварон аз паи эҳ- тироми ҷомеа гом мебардоранд. Ҳама мебинанд, ки моҳо ночиз аммо аз куҷо он хонаи дакаданг, яъне хиёнатпешаҳо дар ҳоли афзоиш. Аз пояи инсоф берун по ниҳода, аз халқу ах Худо ҳаросе надо – ранд. Инро иллат боз касифии маънавият, дури аз фарҳангу ахлоқи ҳамида. Аз ин боб, ки даври қамари Ҳофиз мегӯем қасоидҲои ҷамъият бештар чеҳраи манфури хеш айн месозанд. Биёед аз Худо талаб намоем, ки иллати моро аз балоҳову фоҷиаҳо эмин дорад, дар дили ҳар тоҷик нерӯи содиқ будан ба суннати пешиниён – аҳли китоб, мӯъҷиофаринӣ, муборизу меҳанпарастӣ, фарзанди меҳнату ороста бо ахлоқи ҳамида эҳдо бикунад. Омин ё раббилоламин. – Устод, агар мӯъҷизае рух бидиҳаду дар шумо тавони чилсолагӣ ҳулул гардад ? – Сад дареғ, ки умри бандаи фақир поён омада. Ҳаргиз моҳӣ болои маҷнунбед наҷаҳад, касе надид, ки гурба либос шуст, ин ҳол набуда, ки говмеш ба парвоз ояд. Гар Худованд инам рӯзӣ бубидан боз аз меҳнати ҳалол қут ба даст меовардам ва Қуръони Маҷид ҳифз бинмуда, ҳамвора машғул ба тасбеҳу ибодат бо меҳмонии хеш дар ин ҷаҳон дар ҳоли мутолиа ва корбаст ба фармуди Яздони поку боазамат поён медодам. – Дар масири зиндагӣ аз кадомин фарзандони ҳамдиёр пайгирӣ доштед ? – Зидагиномаи равонашон то биҳишти ҷовидон шод бод Бобо- хон Ҳамдамов, Ибодулло Оқилов, Маҳадшариф Ҳасанов бароям ибратбахшу пандпазир будааст. – Ба онҳое, ки имрӯз сарварии ҷомеъро ба ӯҳда доранд чӣ мефармоед ? – Банда насиҳатгӯ наям, аммо ишонро даъват менамоям, эй бародар бидон, ки Дареғо аспи мансаб зин надорад …

Гар бар сари нафси худ, амирӣ, мардӣ, Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Андешаи он бинмо, ки чун ин сарварӣ бо умри кӯтоҳ дар ихтиёри туст. Фардо ту ё он тарк хоҳи гуфт. Оё халқи Худо ба рӯят чӣ сон бинигарад. Агар нек бидонӣ, ки Умри одамӣ чу акси мо дар рӯи об ноустувор аст, аз ин рӯ, то метавонӣ некӣ кун. Ҳукм намо : ту ҳар ду ҷаҳон обод кардаӣ, бо тоату ибодати хеш.

– Ба фарзандону наберагон чӣ? – Гуфтааму боз мегӯям, ки фарзандони азизам бароятон гулчине аз сухансароёни баргузидаи миллат мураттаб сохтаам. Онро ҳадяно – маи зиндагӣ бисозед. Иншооллоҳ, амал аз ҳикматҳо бикунед ҳамвора аз паи луқмаи ҳалол, омӯзиш, набард алайҳи бадхулқиҳо, пӯшидани пироҳан аз матои ҳамида ахлоқи, бо дӯстон муруват, ҳалими саховат, дури аз тиҳимағзону бадгавҳарон, тоату ибодат пешаатон бошад, бан- даи хоки аз шумо розӣ хоҳанд буд. Ва фаромуш насозед, ки ман бо овози боланд мегӯям : баъди маргам сари шумо аз пушти ман, яъне амалҳоям паст нахоҳад шуд. Чаро, ки шукри худованд пои ноҷо нагузошта, нахоида ҳарфе нагуф- та, бо захмати хеш луқма ба даҳон доштам. Ҳар яки шумо ҳам мебояд дар пайравии падару модар зинда- гиро ба охир бубаред . – Ако, хаста нашудед ? – Одам ганимат, – ҳар дам ғанимат. – Дил майли зодгоҳ дорад? – Чаро не ? Ин тавоне медоштам ҷеранро рӯи зини он ҳайвони чун ғизол зебо суи Эсиз ба парвоз меомадам. Аз нилаи Зарафшон рӯд замини ҷигари сӯхта шодоб мекардам, то ҳарорати бадан паст гардад. Ва хамчунин бо буи хоки мушбези мадфангоҳои волидайн гулобе ба- рои пирохани сафари дар пеш тахия менамудам. Ин лаҳза аз ҷеран ҳам ёд бинмудед. Монанд ба рахши Рустам ба- роям арзиш дошт. Дар ҳама бурду бохт, барору нобарориҳо аз кӯҳис- тон то ба Дилварзин моро ҳамрозу амбоз буд он асп. Мисли фарзанди падар дӯсташ медоштам қисмат чунин буда. Марги фоҷиабор насибаш шуд. Рӯзе ба маркази вилоят аз паи коре рафтам. Сараграном аспро бо гандуми деҳқони хуб зиёфат медихад. Дар масири бошишгоҳе аз ғурриши мошине асп рам мехӯрад. Савора фармонро идора карда наметавонад.Ҷеран бо суръат давида дар замини зери об монда дучо- ри садама мешавад. Бо азобе худро берун мегирад. Аммо он бархӯрд барояш лахзаи умр будааст. Чун ҷеран – дӯсти азизу ҳамсафари беозорам сарбурида дарёф- там, фиғонам боло гирифта. Пас он аспе дигар савор нашудам. Ва агар қудрате медоштам пайкараи он махлуқи нозанинро, ки саҳмаш дар футоҳоти дашт чашмгир буд бо шаҳомате аз зарандуд бунёд мекар – дам. – Шуморо бархе аз сахархези таъна мезаданд. – Пешоббағали кушода чун субхеро . Ҳар кас, ки надид, хоби маргаш бубарад. – Заруроте ба омӯхтани забони хориҷӣ ба миён ояд, кадоминро фарогир мушудед.? – Забони Қуръон ва англисиро, ки забони сивилизасияи қарни оянда хоҳад буд. – Ҳавапаймое дар ихтиёр медоштед… -Бо ҳамсари гиромиям бо қасди тавофи Каъба маскани азизамро тарк мугуфтам. – Қариб ним аср раис будед. Кадомин харфи бузургон вирди забон доштед? -Ба қасди он ки диле наёзоранд сухани Саъдӣ – он муаллими ах – лоқ шиори амалам буд :

Эй забардасти зердастозор, Гарм то чанд бимонад ин бозор ? Ба чи кор оядат чаҳондорӣ? Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!

– Ба марги киҳо афсӯс мехӯрдед.? – Банда таронасарои марг нестам. Мо ҳама барои марг зода шудаем, вале аз ҷавонмаргии истеъдотҳо, чун Саъдулло Оқилов Маҳмуди Вохид, Холмахмад Сангинов, Муллошоди Бокиев, Юсина маломати дард дорам. – Аз сарварон киҳоро меписандед? – Ба Бобоҷон Гафурову Рифъат Ҳочиев, Ибодулло Оқилов, Саид – шариф Шаривоф дуои ба дарозкашии умр салтанат раво медидам. – Қасидае аз хомаатон мерехт… – Ба падару модарам эҳдо менамудам. – Ситорагони адаби наср ҳама дар ҳаёт мебуданд, киро механ – дед? – Балоҳур ба парвоз меомадам сӯи Иқбол.

Биё эй ишқ, эй разми дили мо, Биё эй кишти мо, эй ҳосили мо. Куҳан гаштанд ин хоки ниҳодон, Дигар одам бино кун аз гили мо.

– Соат чанд ? – Сеи саҳар. – Ҳама дам гиред, ҳоло вақт аст – фармуданд. Аммо беморбинонро хоб аз чашм парид. Субҳи козиб фаро расид. Бемор тарафи қибла паҳлӯ гашта : – Очаш соат чанд ? – Шаши саҳар. – Ай дарев, ки дареғ. Муллонеъмат маро биҳил кун. Эй Худо мушкилама осон кун. Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадан расулуллоҳ. Ё оллоҳ… Сӯҳбат ин ҷо анҷом ёфт ва баъди соате чанд марг дар кӯбид. Посе аз шаб гузашт. Беморӣ хуруч кард. – Ҳо баччам, Шукур. – Лаббай додо. – Таҳорат дорӣ ? – Ҳо – Ҷони додо хунам. – Чӣ хонам ? – Алҳамдро хону куфам кун. Писар фармудаи падар ба ҷо овард. Бемор дар ҳоли хоб орому осуда. – Неъматулло – додарзодаи устод низ сари бистар ҳозир шуда, Ёсин хонда, дам карданд. – Очаш, ҳо очаш. – Лаббай. – Муллонеъмат дамам андохт, дилам сиҳат шуд. Бисту якуми феврали соли 1998. Садҳо одамон гирди дари буми майит ҳозиранд. Пироҳани мотамӣ ба тан. Синаҳо лабрези дард, дидаҳо ғамбору чеҳраҳо ғамхона. Апаи Рисолатмо навҳа мекунад. – Хунам балом, ҳамсарам ҷигар, гули маракаҳо дареғ, бахту давлатам ҳусни диёр балом вой балом, сутуни дилам балом, дидаи биноям балом, во ҷигаре ҷигар… – Шамъи мафҳилҳо будед – додо, баломе – фигон дорад Чумъа . Махадшариф, Ориф ашкрезону асобадаст назди издихом омада: -Мехмонони падар хуш омадед, кадамхоятон болои дида навхаву афгон доранд, ки :-додои андарзгуву муфассир балом, чароги махфилхо балом, диёрро холи кардед падар, дарег… Нодирамову Адолату Танзиламову Фариштамох сиёпушанду миёнбаста ба иллати талафоти гарон – фавти падар ашк дар дидагонашон равон асту равон. Хона мегиряд, дару девор ашк мрезад, ҳар гиёҳу дарахтони ин манзил нола дорад. – Додои ғазалсароям, – нола доронд Нодирамоҳ. Падари сухандону андарзгуям, чигар ашк мерезад Танхиламоҳ. Ҳарфи ло илоҳ бар бо нигоҳи чашм фарзандонро якояк падруд гуфта, шабеҳи кӯдак ҷон таслими Худованд марди наҷиб. Фиғону нола ба осмон бархост. Муллонеъмат – додарзодаи мар – ҳум он дам марсияе таълиф намуд ба ин маънӣ :

– То дами поёни умраш будам уро дар канор, Лафзи истигфору тавба бар лабаш шуд ошкор Мавҷ зад хуноби ҳасрат аз димоги хотираш Фазли ҳак оинасон ба ёдаш устувор Чун забон дархам дихад бикшод аз фазли илоҳ, З-он ки ман доим ба ин максуд будам интизор Ӯ пушаймони кашиду ашк аз мижгон бирехт Пас ба ёд овард он дам аз гузашти рӯзгор. Кард васият он замон бар ахли фарзандони худ Баҳри ишон кард ин шакрфишониро нисор Гуфт гиред баъди ман аз домани соҳибдилон То ки бошед дар ҳама хол мисли богу токзор Модари худро намоед ҳурамту доред дӯст. Дар савоби зиндагӣ дод ба шумоён этибор. Ҳеч кас боки намонад андар ин дори фано Бар ҳама халқи маълум гаштаст ин қарор. Аз шумо дорам умед гуфт аз гуноҳам бигзаред, Оҳи пурдарде кашид аз дил баровард ин шарор. Гуфт ёраб, мушкилам осон кун аз фазлу карам. Варна аз андуҳи ман дар нола ояд кӯҳсор. Дар ҳузураш буд Ҳузури вақти ҷон биспурданаш, Ман гумон кардам, ки биштофт ӯ ба сӯи лолазор.

-Додои бо нангу ор, чигарпораам кардаед – мегиряд Фариштамоҳ. Ва аммо рӯи тахти баланд марде гуё хуфта. Тифлона ба хоб рафта, чеҳрааш шукуфон, лабонаш моил ба табассуманд. Аҷоиб манзарае, бул – аҷаб саҳнае : даҳҳо гирёну яке хоб асту хандон. Гиряҳо мегӯянд: Ҳамсари азиз, падари бузургвор, акои арҷманд бобои меҳрубон тарки дунё кардеду фақат соате мемонед – ва то рӯзи ҷазо дидори ҳам нахо- ҳем дид. Алвидоъ, Падруд… Хуфтаи хандон амали саҳнадоррону саҳнабозонро даркмена- мояд. Худованд нерӯи сухангӯиву чашм кушодану ба атрофиён гуфта- ни он ки: – Оре, тақдир чунин будааст. Бандаи офарида аз хок шуда ба хок меравад. Шумо, ки анбӯҳи бекаронед, омадед то маро ба охирин сафар гуселу ба он дунё раҳнамун созед. Хуш омадед азизон хоки қу – думатон рӯи мижгон. Агар дар зиндагӣ ба иллати хоме шахси шуморо озурдаам, илтичо дорам,ки ин бечораро бо неруи чавонмарди бахшидани гунохашро савоб донед.У имкон надошт гуяд: то лахазоти дидор дар рузи киёмат хар яки шуморо дар хивзи Худованд рахмону рахим во мегузорам.Падруд азизони дил . Бандаи омода ба хичратро гусл бинмуданд . Чисми уро хокониданд . Аз матои сафеди пок либоси сафар пушониданду саропош гулоб пошиданд, то муаттару хушбу бошад. Марди дар ҳоли сафар рӯи шота – аспи чубин савор гардид. Чубинасб болои дарёи мардони ба видоъ омада мавҷ мезаду сӯи манзили охират пеш мерафт . Савора назди масҷиди деҳ бозистод. Аз баландгӯяк ин садо

Хирадмандо, ба марги ту замину осмон гиряд. Ба маргат аз фироқу ҳасрату фарёди ҷон гиряд…

Наттоқ раиси ҳукумати ноҳия Саидшариф Шарифов ду мисраъи баъдӣ ба гаронӣ ба забон овард. Гиря гулӯгираш бинмуд ва дар ҳоле, ки ифтихори Тоҷисиктону тоҷикистониён буд. Ба китоби умри ин абармард Наврӯзмуҳаммад Раҷабов назар биафканем ҷуз қаҳрамонӣ, футуҳот зиндагии пандпазир намебинем. Сарвари сарварон, устоди деҳқонон, пири муаллимон, марди шеърдону шеърдӯст, номдеҳу некандешу накӯкор ин аст сифатҳои ин шахси бузург. Раиси ҳукумати вилояти Ленинобод Қосим Қосимов дар сифати Н. Раҷабов гуфт : – Сад дареғ, сад афсӯс, ки марги нобаҳангом моро аз марди содуқи Ватан Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, баҳодури ҷабҳаи зиндагӣ Раҷабов ҷудо сохт. Дӯсти бузургу падари арҷманд тақдири хеш ба замин пайваст. Ҷаваони навхат ба саҳнаи ҳаёт қадам мезад, ки ҷанг сар шуд. Ба ҷабҳа рафт, ба адӯ қирон овард. пирӯзона ба зодгоҳаш омад, сарвари хоҷагӣ гардид. Сидқидилона бо ҳамдиёрон меҳнат кард. Дар футӯҳоти Дилварзин басо ҷанбозиҳо намуд. Фароғат барояш хондану кор будааст. Алвидоъ, устоди арҷманд ! Собиқадори меҳнат Аваз Сафаров, бародархони марҳум. – Шаст сол боз бо устод Раҷабов як ҷо кору зиндагӣ дорам. Қариб рӯзе набуд, кидидор набинем. Ин лаҳза бароям гарон, андӯҳам интиҳо надорад, зеро марг маро аз акоям, устодам, деҳқони забардаст, олим, роҳбари сахтгиру дулсӯз, ҳамбози ғаму шодии мардум ҷудо сохт. Аз даргоҳи Худованд талаби он дорам, ки руҳашон шод, қабрашон пурнуру муаззам гардон. – Нигорона, ёд дорӣ он маросими мутантани бо банда доъкуниро ? – Оре, ҳузур доштам. – Аммо худоро шукр мегӯям, ки ҳарчанд ҳама гирён буданд вале банда хушҳолу дилшод. Ба издиҳом нигариста ҳадиси шариф ёдам омад : агар се саф бо имом ҳафт нафар намозхон дар ҷаноза бошад, кофист, Худованд гуноҳони майит бубахшад. Ва агар намозхон беш нур болои нур будааст. Дуруд Парвардигорро дар ҷанозаи мани пургуноҳ садҳо намозгузор ширкат дошт. Ниҳоят пас аз адои намози ҷаноза “ сафина ” рӯи рӯди пурмавҷи мардум ҷониби қабристон хиромид. Муллонеъмат бо мадади фарзандон “ Бисмиллоҳи ва ало миллати Расулиллоҳ ” гӯён мурдаро аз тобут гирифта, ба лаҳад гузоштанд. Рӯи майитро ҷониби қибла гардониданду ин калимот ба забон оварданд : “ Оллоҳума ло туҳарримно аҷраҳу ва ло тафтано баъдаҳу “ . Дафнкунандагон “ минҳо халақнакум ” хонда ба мушти хоки дар даст дошта дам кунонда, ба рӯю гӯр мерезанд. Худованд дар ин оят мефармояд : мо шуморо аз хок халқ кардем, боз шуморо ба хок бармегардонем ва ниҳоят бори дигар шуморо аз ҳамин хок зинда месозем. Лаҳзаҳои ба манзили охирин ниҳодани марҳум Муллонеъмат баён дштанд : Парвардигоро ба ӯ забони гӯё бахш то аз пурсиши Мункару Накир боз намонад. Пасон дари хонаи охирин девор бардошта, аз хок “ қир ” сохтанд. То ҳаёти навин тани беҷон интизори Рӯзи Ҷазо буд. Сураи “ Таборакаллазӣ ” бихонда, фузуданд : савоьи ин калимоти раббониро ба равони Наврӯзмуҳаммад ҳадя бинмудем, Худованд қабраш пурнур, рӯҳаш шод бидорад. “Омин ё раббалоламин“. Пас аз чанд рӯзи анҷоми маросими азо фарзандон ба сарманзили қиблагоҳ омада, ояте тиловат бинмуданд. Баъд дар болову поини марқади хоксоронаи ӯ ду арча шинонданд. Арчаи ҳамешасабз тасбеҳу зикр гуфта, ба фавтида хушҳолӣ мебахшидааст.

Share this: Like this:

Ишки оламгири Мавлоно чахонро забт кард.

Гуи гарбихо (албатта ин тафрикандози нест) уро аз мо бештар дуст медоранд.Уро аз мо бештар медонанд? Чахон ба у ниёз дорад на у ба чахон ниёз дошт.Чахон уро шоири ошики дарачаи 1 мехисобад.Шеьри уро хатто дар дастраси афроди одди метавон дид.Ишки у дар заминаи гаравидан ба дини мубини ислом тавонист мусоидат намояд.Пас у кист хануз чахонро ба тахлука даровардааст? Посух кутох ва мухтасар.Руми,Мавлоно, Мавлави,Чалолиддин,Маснавива … бале ин номхоянд, ки чахонро мафтуну чунуни хеш кардаанд.Ин номхоянд, ки имруз дар хамагуна умри ичтимоии инсонхо мусодаткунанда мебошанд. Мавлоно Чалолидини Руми солхост, ки бо осору ашьори нобу ичтимоии хеш таваччухи одамони дорои мазхабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба суи хеш мехонад. Яке аз вижагихову хусусиятхои шеьри у ин албатта тааллукият ба хама инсонхост, новобаста аз сину сол ва новобаста аз адёну мазохиби дини. Уро хама эьтироф мекунанд, чаро ки сухани у, харфу ояти у моли хамaаст ва барои хама нигошта шуда аст. Мувофики баьзе сарчашмахо Мавлоно то соли 1920 дар Амрико ва умуман Гарб он кадар шухрат надошт, аммо дар Шарк бошад уро чун як орифу шоири суфи ва олим мешинохтанд. Шуруь аз солхои 1920 устоди Донишгохи бонуфузи Кембрич профессор Рейнолд Николсон ба тарчумаи инглисии осори Мавлоно мепардозад ва яке аз нахустин муаррификунандахои Мавлоно дар Гарб мегардад.Сипас баьди солхои 1970 дубора гунчаи шухрату махбуияти Мавлоно дар Гарб, хоса дар Амрико бишкуфт.Дар ин замон мутарчими бузурги дигари Мавлоно дар Амрико профессор Колман Баркс ба кори тарчумаи шеьри Мавлоно пардохт, ки онро дар як шакли ояти чадиде эчод намуд, ки макбули ахли шеьру сухан гардид.Ва ин икдоми Баркс, инчунин ба фуруш рафтани садхо нусхахои тарчумакардааш ба у миллионхо даромади моли овард.Лозим ба ёдоварист, ки то даст задан ба кору осору хаёти Мавлоно Колман Баркс устоди донишгохи Чеорчиё буд ва то ин андоза шухрате ки имруз дорадро надошт.Ва метавон иддао намуд, ки ин Мавлонои кабир буд, ки уро(Барксро) сохибному шахир гардонд дар чомеаи Амрикову берун аз он. У мегуяд “Ашьори у аз огохии амики бахамваслии хаёту тамоми инсонхову адён мебошад.Шухрати Мавлоно на кам аз Шекспир дар аксои олам аст.” Шахром Шиво, шоир, олим, мутарчими кутуби Мавлоно дар Амрико бар он назар аст, ки шухрати Мавлоно беинтихост.У худ дар ин маврид мефармояд:”Шухрати Мавлоно лахза ба лахза ру ба афзоиш аст.У бо масоили ичтимоии марбут ба инсону хаёти у сару кор дорад ва ин масоил метавонад ба 5000 сол кабл нисбат дода шавад ва инчунин метавонад ба 5000 соли дар пеш истода нисбат дода шавад.Харфу сухану шухрати у беинтхост” Беси Сен Миллан як нафар сокини иёлати Королинаи Шимолии ИМА дар мавриди шинос шудан бо Мавлонову номи у чунин мегуяд: “Номи у ба ман шинос буд, аммо ман харгиз порае ас шеьри уро нахонда будам то он замон ки рузе аз чониби дустам ба ман даьватнома ба манзури ширкат дар як маросими издивоч расид. Онро боз кардам, дар дохилаш як парри ранорангу чаззоби товус дидам,ки хамрох бо баргае навиштаи шеьри Руми. “Чунбиши мухаббатомизро дар атрофи хеш эхсос кун…-шодобии рухро навишта буд. “Дигар мулокоте ки ман бо Руми доштам ин дар Калисо буд, ки хонумеро чашмам уфтод, ки дар даст китоби шеьри Румиро дошт. Аз он замон ман дарк намудам, ки Мавлоно бо хама кас дуст будааст.” Навиштаву осори Мавлонои кабир дар тули таьрих кодир ба ру овардани бисёре аз одамон ба дини мубини ислом будааст. Мавлоно хамчун як купруке миёни давлатхову миллатхову кавмият хисобида мешавад.Ба унвони мисол профессор, хонуми Фаронсави Ива Де-витрей Меэровитч соли 1964 пас аз ошноиву карини бо Мавлонову осори гаронбахои у ба дини мубини Ислом руй ниходааст ва тамоми умр кушида то Мавлоноро ба миллату давлати хеш муаррифи намояд.У инчунин номи хешро иваз намуда онро ба “Хавво” табдил додааст. Хонум Хавво соли 1999 аз олам чашм мепушад. Ормони у ин буда, ки дар Куния назди мазори Мавлоно ба хок супурда шавад. Ва чунин хам шуда. Як мучиби асосии махбубияту макбулияти Мавлоно аз суи табааи мухталиф ин аст, ки у хешро моли хама медонад ва инчоиву ончоигаро нест. Инчунин хамаро ба суи вахдату сулх даьват мекунад. Мазхабу оини касеро маломат намекунад. Хама кешро эьтироф мекунад.Дар чое хеле зебо фармуда: “Ман ба парастишгохи яхудон рафтам,ба калисо хам рафтам инчунин ба масчид хам рафтам,амммо хамоно як хел мехроб дидам, ки дар хер се парастишгох вучуд дорад ва ман хам якхел рухия доштам.”Бубинед,ин тачассумгару тараннумгари рухи оламгир аст, ки бидуни ин рух мо хечем. Албатта Мавлоно бо ишки хеш тавонист теьдоди аьзами одмаонро чуфт гардонад. У тавонист дили миллионхо одамони мачруху хичрондидаро мудово кунад.У тавонист калби хазорон касро бо ишку сухани мехрбори хеш шодоб намояд.У тавонист одамонро сохибном кунад.Инчунин тавонист худро ба хама курбон кунад. Миша Рутенберг хунёгари ботачриба ахли Сан Франсискои иёлати Калифорня бар ин бовар аст, ки махз сурудахои Мавлоно буда, ки уро шухрат додааст. “Нахустин маротиба хамчун як хонум, ки ман бо Мавлоно бархурд намудам ин дар соли 1968 дар Мексико буд. Гаркоби дарёи андешаву хаёлот кад-кади рох кадам мезадам, ки иттифокан нигохам ба китоб-фурушгохе бархурд, ки лифофаи китобе бо накшу нигори мохирона тасвиршуда таваччухамро ба худ кашид.Рафтам вориди он гахстам.Китоби Мавлоноро дарётам, ки саршор аз таронаву шеьрхои ноб буд.Китобро харидам, сиапс аз хамон руз баьд шуруь кардам ба тадкикоту такопу дар мавриди уву хаёташ.Ман инчунин бо Аттор ва Хофиз хам тавассути Мавлоно шинос шудаам.Тули 30 соле, ки банда хамчун хунёгау нагмапардоз фаолият бурдаам, садхо оханго эчод кардаам.Дар соли 2000 мачмуи охангои чамьнамудаамро дар шакли фита манзури хаводорони шеьру оханг намудам, ки унвони олбум “Вакте рузхо шабхо надоранд” буд, ки пур аз шеьрхои Мавлоно буд ва ин олбум маро дар арсаи кишварам номдод.Албатта тарчумаи инглисии шеьрхои Румиро дусти бегарази ирониям менамуд, ки оиди шеьри суфиёна маьрифати хубе дошт” “Ман хеле кучакам.Чи гуна ин ишки бузург дар замири ман чо гирифта?Ба чашмонат назар кун,онхо хеле кучаканд,аммо метавонанд хеле чизхои бузргро бубинанд” -мегуяд Мавлонои кабир. Бале, дар вокеь ин ишки бузурги Мавлоно имруз дар дунё гунчоиш надорад ва хешро ба хар синаву дил , ба хар гушаву канор хаме занад. Ин ишк пайвасткунандаву васлкунанда,бохамсозиву бохамбудан аст.Пас месазад,ки аз ин ишк бахра бурд.Ин ишк касро ба чониби чоддахои камолот мебарад то ки кас худии хешро дарёбад.Чаро, ки хамин ишк мучиб ба офариниши ин олам гардидааст. Пас биёед хама ошику бедили ин ишк бошем,чаро, ки бузургтарин унвонро дар назди Худованд ошикон низ сохибанд.

Ишк аз азал аст то абад хохад буд Чуяндаи ишк беадад хохад буд Фардо , ки киёмат ошкоро гардад Хар кас ки на ошик аст, рад хохад шуд.

Share this: Like this:

Ива Де-витрей Мейэровитч- шефтаи Мавлоно балхи ё Ишки Мавлоно хонум Иваро мусулмон намуд!

Барои мутолиагарони кишвари Фаронса исми бузурги Ива Де-витрей Мейэровитч чун номи Мавлоно карнхо дар ёдхо хохад монд. Ива Де-витрей Мейэровитч соли 1909 дар оилаи ашрофзода ва порсову ворастаи насронии фаронсави мутаваллид шудааст. Дар тули даврони бачагияш дар Фаронса Ива шуруъ ба мубориза бурдан ба фарзияхои мухити атрофаш намуд ва дар мактаби бахши католикии худ, ки дар ончо вогузории гайрифаолро голибан метавон чашм дошт, мавриди тадкику пурсучу карор медод.У модарбузурги хешро ки узви фиркаи масехиёни протестон буд, барои поквичдонию покдин буданаш тахсин менмауд, инчунин пофишориву исрори уро дар мавриди хакгуию ростгуи, ки ин метавонист мучиби хабс гардиданаш гардад хамду офарин мехонд.Ин модарбузург ба усули мазхаби котоликии руми мубаддал гашт то ки бо хамсари ояндааш издивоч намояд. Модарбузуги Ива дар масире карор дошт, ки у ногузир ба пайрави аз он гомхо кард. Ива дудилаги ва диранг накрд , барои мисол дар издивоч бо як руси фаронсавии аслаш яхуди , чаро, ки у аз иртиботу алокаи маънави доштани байни адён огохии комил дошт. Пас аз издивоч бо ин чаноби Мейэровитч, уро зарур буд то Порисро, ки тавассути кушунхои Нозии хитлери ишгол гардида буд, соли 1940 тарк намояд. Пас аз поёни чанг дар авоили солхои 1950-юм, хаёти у, ки вазифаи мудири бахши пажухишу тадкикотро ба ухда дошт, бо ба даст гирифтани хадяе аз собик хамсабаки хиндустонияш, ки аз Покистон ба Фаронса меомад, куллан ва ба таври ногахони иваз шуд.Ин хадя китобе буд навиштаи файласуфи исломи карни 20-ум ва шоири бузурги чахони ислом Мухаммад Икбол ва он китоб “Тачдиди андешаи дини дар ислом” ном дошт. Сухани мансури Икбол ки дорои рушаниву вахйи беандоза буд ба калби поки ин бонуи хирадманду хассос таъсири бузург расонид. Дар китоби мазкур аллома Икбол аз Мавлонои кабир бисёр иктибос меорад.Ива ба таври фаври мафтуну шайдо ва шефтаи ин рухи бузург( манзур Мавлави) гардид. У даст ба тарчумаи китоби Икбол “Тачдиди андешаи дини дар ислом” зад ва онро аз инглиси ба фаронсави баргардон намуд ва чун гаввосе дар дарёи омузиши забони форси гута зад, то инки форсиро аз худ намуда осори гаронбахои Мавлонои бузургро дар забони аслашон бихонад.Аввалхо у аз ин, ки худро ба Мавлоно ва осори у мебахшад,огохи надошт… Он замон, ки у Икбол ва Мавлоноро макшуф сохт, Ива Де-витрей Мейэровитч хамчун як нафар муриду пайрави вокеъи омода гашт то таълимоти онхоро бипазирад. Дар хакикат у зехне тез чун шамшер дошт , ки ин самараи солхо омузишу тадкикотхои у оиди мавзуъхои мухталиф мебошад. Ива дар як донишгохи бонуфузи Фаронсави муддати се сол илми Илохиётро мехонд (рисолаи номзадии у дар бораи Плато буд) ва инчунин забони бостонии Юнон, забони лотини, таърих, хукук ва равонпизишкиро меомухт. Таваччуху дилбастагии у дар сохоти мухталифи илм,рещахои мухталифи илми ва усули у бо сару кор кардан ба мавзуъхои мухталифи илми мачзубкунандаву оли буд. Ива Де-витрей Мейэровитч шахсе буд барои вокеият ба чустучуи ботини шомил мегашт ва ончи ки дар сафарномаи у кобили таваччух аст, ин аст, ки хаёти шахсии у ва сарсупурдагиву тааххуди у бо тахкики хирадмандонаи у сахт пайванд дорад. Албатта, Мавлоно носеху муршиди у гашт, мисли ин ки Мавлоно дасти уро гирифта ба масири Ислому муслимин хидоят намуд. Хуб, омузишу таълимоти Мавлоно мучиб гашт, то у ба ислом бигаравад ва то хомуш гаштани чароги умраш бо шуру шааф тамоми аркони дини мубини ислом ва тасаввуфро риоя ва тамрин намуд. У хамоно олимаи дини котоликии румии Фаронса ва яке аз дусторони ирфону тасаввуфи Ислом боки хохад монд. Дар Алчериа,як бахши кучаки истеъморчиёни Аврупои ахолии ру ба афзоиши муслиминро рад менамуданд,бо иддаои ин ки гуё онхо як бахши комили Фаронсаро ташкил мекунанд. Пас аз фавти шавхараш, Ива масири душвору мушкили мусулмон шуданро бармегузинад. У ба ин сафари , ки меоднист серталаб мебошад, бархост. У , аммо яхудият ва насрониятро, ки решахои фархнгии худро дар онхо мебинад, инкор намекунад,аммо у дар ислом масиреро пайдо намуд, ки ин анъанаву фархангхоро дарбар мегирад. У ба исло тарзе ворид гашт, ки на чизе аз замони мозии хешро инкор кард чизеро муттахам кард ва у мегуяд, ки вакте исломро кашф намудааст, ин мисли “баргашт ба ватани худ” будааст. Хаминтавр у шахсан исломро хамчун дини поку озода ва асли табиати инсоният тамрин намуда ва тачриба кард. Мушобех ба хамин дигар ахли тарикати фаронсави нависанда ва донишманди улуми мовароутабии Рене Гуенон (вафот 1951) гуфта буд, ки ба хеч чизе наметавонад гаравад, чун, ки исломро бояд хамчун шохид ва ёдоварикунандаи ошкорзосии гузашта бишмурд. Аммо Ива бошад, мо бояд илова намоем, ки гузори у аз насрони ба Ислом бояд тавассути накши бузурги Исо дар акидаи ислом ва махсусан тасаввуф дарк карда шавад.У номи хешро тагйир дод.Номи исломии у Хавво мебошад, ки ин дакикан дуруст бо номи насронии уст.Аз табдил ба ислом Ива арзиши мардудсозиро дар дохили чомеаи худ ба чо овард. Бо ба шуру шавк ва иштиёки беандоза пайдо кардани Ива ба зебоии осори Мавлоно, у ба омузиш ва тарчумаи осори у ба забони фаронсави икдом намуд.Тасаввуф дар чомеаи муосири Гарб тавонист мукаддима ва ошносозии васеъу густурдаеро тавассути таълимоти ногахонии Мавлоно пайдо намояд. Шумори зиёде аз нависандагон ва шоирони муосир дар ифода намудани амики хадафу назару дидгохи Мавлоно ба онхое, ки бахту икболи хондани осори уро бо забони форси надоранд муваффак шуданд,то осори уро тарчума намуда , пешкаши ахли завк намоянд, инчунин дар нерумандии ишки у ба Худову ба инсоният. Тарчумахои инглисии муосири Колман Баркс, тарчумахои хонум Ива ба забони фаронсави,корхои Анемария Шиммел дар Олмон ва талошу кушиши дигарон тавонистанд, ки истиншоку илхому маъруфияти уро ба миллионхо одамон дастрас намояд.Айни замон дар Фаронса нафаре бо номи Лайли Анвар Чендероф бо тарчума ашъори Мавлоно ба сахна омадааст.Ива такрибан 30 китобхо дар бораи тасаввуф ва Мавлоно навиштааст, инчунин 50.000 мисраи Маснавиро ба фаронсави тарчума намудааст, ки ин махсли захмати чандин солаи уро нишон медихад. “Хеле шуд, ки кор мекунам!”, гуфта буд у.Китоби охирини у “Дуо дар Ислом”. мебошад;у ин китобро дикта мекрад, чаро, ки аброи навистан хеле заиф шуда буд. У инчунин рочеъ ба шахри Мавлоно-Куния ,ки дар ончо хеле вакт будааст (худи Ива)як китоби бисёр мухиму иттилоъдех таълиф намудааст.Ин хоки аз он аст, ки Туркия барои Ива дуюмин ватан махсуб меёбад.Макомоти баланпояи Туркия хатто уро чун “Шахрванди ифтихори”-и хеш эълон намуданд, инчунин унвонхои баландеро аз тарафи донишгохи Туркиё аброи корхои боарзишаш рочеъ ба Мавлоно сохиб гаштааст.Дар як гуфтугуе Ива иброз доштааст, ки чи дар Порис ва чи дар Туркиё у эхсоси ватан мекардааст. Дар назар аст, ки тарчумаи инглиси ин китоб дар рузхои наздик тавассути Фонс Витае дар Амрико бо сарлавхаи “Ба суи калби Ислом” аз чоп барояд. Ива инчунин дар Миср ба муддати 6 сол зиндагони намудааст, хамчун проффесор ва намояндаи Маркази илмии тадкикоти Фаронса аз фалсафа дар Донишгохи Ал-ахзар дарс додааст. У инчунин ба бисёр манотики олам сафар намуда аз ислом ва тасаввуф лексияхо хонда аст. ‎ Ива Де-витрей моро водор мекунад то иртиботу пайвастагии дохилиро, ки дар ахёти маънави ошкор мешавад, эхсос намоем тавассути бисёр хикоёту киссахояш аз сафархо ба Макка. У инчунин ба мо перомуни фидо намудану бахшидани хаёти хеш барои фахмонидани андешаи Мавлоно ва тарчумаи осори у ба чахон сухан мекунад. Ба акидаи Ива интикол ё расонидани пайгоми оламгири Мавлоно дар хакикат зарури ва мубрам буд. Дар давоми карнхо Мавлоно пири маънавии вокеъии Ива будааст, аммо у масири тасаввуфро аз шайхи Морокои Хамза Бучичи, ки хануз дар кайди хаёт аст, гирифтааст. Дар нахустон мулокоти ин ду, Хамза ба Ива бо нагушт калби хешро нишон дода гуфтааст, ки “Мавлоно инчост” ва хамон замон Ива якбора аз дидагонаш марвориди ашк чори мешавад. Ива Де-витрей Мейэровитч аз он нафаронест, ки дар миёни Шарку Гарб бо як хушбахти зистааст ва чун пуле миёни фархангхо ва тамаддунхои харду кишвар хизмат намудааст. Кутуб ва маколахое, ки хонум Ива таълиф намудааст, имруз баори чун мерос боки хоханд монд. У, ба вижа дар мамолики фаронсави-забон хеле шахиру номдор аст. Рохи у, масири як зан ба калб сафари хамосаи кахрамонро ба сарзаминхои дурдаст тачассум мекунад,ки бо мушкилихои дохили ва беруни мувочех гашта.Аз муборизаву талошхояш у ба мо тухфахое чун фаросату биниши тоза ,ганчинахо аз хирмани Шарк бозовард. Мухаккик, пажухишгар, проффесор ва мавлавишиноси Фаронсави Ива Де-витрей Мейэровитч дар таърихи 24 июли соли 1999 дар Пориси Фаронса чахонро падруд гуфт. Аз инглиси тарчумаи Фирдавси Аъзам

Share this: Like this:

САРВОДАИ САРМАДИ (идомаи матлаб) 6

Ба ихтиёри колхози ба номи Сталин рo қадар замин расид, ки бештар аз заминҳову кӯҳҳои Эзису Муждиф буд. Гуфтанд, ки пахта кор. Ҳамаро аз сифр шурӯъ кардан рост омад. Ба худ андешид : бо забони оташ дар майдон будам. Шукри худо пирӯз гаштам. Хoҷагии қафомондаро бо мадади худову меҳнати софдилонаи халқ пешсаф намудам. Кӯҳистонӣ тавонист аз дили санг рӯзӣ рӯёнад. Чаро аз хок пахта нарӯёнад ? Банда ҳанӯз размандаам ва садҳо зану марди раммовар дар паҳлӯ дорам . Иншооллоҳ нерӯи халқ метавонад. Парчами пирӯзӣ бар фарқи Дашт парфишон созад. Соли – аввал – 1956 бо мадади деҳқонони пахтакори вилояту ҷумҳу рии ҳамсояи Ӯзбекистон пунба ба замин зери хок сохт. Чигит неш зад. Ягона, хишова, сӯзониду обу ғизо, чеканча, заҳрпошӣ, нармкунӣ аз қаду бар, баргрехонӣ – сармояи сунъӣ ва ниҳоят чидану ба давлат супоридан ҳамаро омӯзтанд. Раиси деҳқанзода ин тадбирҳо нек омӯхт ва ба дигарон – ҳамдиёрон омӯзонд. Медонист, ки имрӯзу пагоҳ мададгорон мераванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тракторчӣ, обмон, аграном, инженер – муҳандис ин ҳамаро бояд аз худиҳо мутахассис тайёр намояд. Мешуд, ки Ҷеранро, ҳо ҳамон ҷеане, ки ҳар ду кӯҳу пуштаи колхозро дар Масчоҳи кӯҳистон шабу рӯз гашта,аз пешрафти иқтисодӣ мусоидат дошт, дар алафзоре баста, худ пиёда нашъунамои пахтаву бедаву гандуму макка, лаблабуву дигар зироатҳоро медид, ки камбудиҳоро ошкор месохт, баҳри рафъаш тадбирҳои таъҷилӣ меандешид. Ҳамон куртаи ҳарбӣ ба тан шабҳо ҳамроҳи обмонҳо аз ҷӯй ба ҷӯй, қитъа ба қитъа мегашт. Гушна монад нони қоқ ба оби ҷӯй, ки нӯшиданаш раво набуд, тар карда мехӯрд, хаста шаваду ба чашмаш хоб ояд дасти чап зери сар монда дам мегирифт. Вале фаъолияти раис ба ин ҳам ба поён намерасид. Ӯ дар ҷабҳаҳои дигар – ободии диёр, беҳдошти маишати ҳамдиёрон, тарбияи наврасон, ҳифзи саломатии онон талош меварзид. Соли 1950 Маҳмадсиддиқ Қосимов, Зокирхон Мирзоев, Зикриё Мирзоев, Олим Қосимов бо “ ҷурми ” зидди мутаҳидшавии хоҷагиҳои хурд ба Сибир бадарға шуда буданд. Пас даҳ сол раис ба суроғи он “ гунаҳкорони бегуноҳ ” ба Сирдарё рафт то ишонро бо аҳли оилааш ба Дилварзин баргардонад. Ӯ се рӯз дар ҳалли ин мушкилот сарфи умр намуд. Ин муддат писари шашсолааш Мирзораҳмат мариз гашт. Касе пайдо нашуд кӯдакро ба маркази ноҳия – ба бемористон бубарад. Падар омад. Аммо дер шуда буд. Мирзораҳмати дӯстрӯякро зиндагӣ поён омад. Ӯ дар оғӯши хок буд. Оре, ҳамон солҳои авали муҳочират, ба иллати тағйир ёфтани иқлим даҳҳо одамон ва бештарашон кӯдакон фавтиданд. Қариб оилае набуд, ки талафи ҷонӣ надода бошад. Он солҳо бемории сурхакон дар чӯлистон доман зад. Касе аз сарваронро марги паёпаи хурдсолон ба ташвиш наовард. Муаллифиин сатрҳоро низ, ки он айём даҳ сол доштам, сурхак аз пой афтонд. Рафъи он боло худованд буду даво оби биринҷ. Се тан аз додару хоҳаронам – Абдуқаҳҳор, Мағфират ва Қудратулло қурбони азхудкунии Дилварзин шуданд. Ду соли аввал колхози ба номи Сталин пешсаф буд. Ҳар сол ба ҷои ду супориш ва бьештар аз он ба давлат пахта фурӯхт. Аммо раис ҳаргиз намегузошт, ки байрақи пешсафӣ касе аз дасташ бигирад. Гузориши кор ҳамон оҳанги кӯҳистон. Хуршед рух намуда “ диск ” – зангӯлаи даъват ба кор садо медод. Ва ҳамагон савори мошинҳо бо белу каланд мусаллаҳ ба ҷабҳа равон мегаштанд. Раис ба бригадае рафт, ки пахтазор зери алаф. Аъзои бригида кам. Бархе дар саҳро неву аз паи ҳалли мушкилоти хонаводагӣ буданд. Ҳаво гарму сӯзон. Ҷеран хоҷаашро ба деҳа бурд. Мирзо Остонаев – узви бригадае, ки пахтазорашро алаф пахш карда буд, марди меҳнатӣ, ҷангсолор бо баччу кач, як зумра хешу табораш сару по луч хишт мерезад. Ҳашар дорад. Аз дур намоён шудани раисро дида, то омаданаш Мирзо ҷавоб – гап тайёр кард. – Зимистонро зери боми осмон пушти сар кардем. Гуфтанд, ки маҳбусон аз қороргоҳашон – “ Майдончаи комсомолӣ ” берун оянд, хонаи шуморо аз даст мебароранд. Он шашсад нафар хонаи бисёриҳоро соз карданду фвқат ҳавлии маро “ надиданд ” . Тобистон омад. Худам наҷунбам, додом аз гӯр дасту остин бар зада барои ман хона намепӯшанд. Ҳо, ба раис ин мегӯям ва муттаҳамаш месозам – андешид дар дил. Раис бо чеҳраи ғазаббор дар назди ҳашарчиён қарор гирифту ҳарфе нагуфт. Ба саломи Мирзову дигарон алейк надод.Ҷеранро рӯи хишт- ҳои наврехта гардон кард. Дар як лаҳза “ хирман ” – ро аз даст баро – вард. Бо ин қонеъ нагашт, аз асп фуромаду як – ду қолаб хишти ним – шикастаро низ чун “ шахси ҷинояткор ” зери лагат гирифт. Мирзо мехост гӯяд, ки : ту бародар, худатро Ҳофиз сохтию маро хиштрез пиндоштӣ. Ва бо каланд бо ёрдамчиёнаш ҳуҷум орад ба сараш. Аммо ҷуръат накард, чаро ки гуноҳашро медонист. Нағз медонист, ки ҳамон қитъаи зери алафмонда дар ҳоли аз нашъунамо монда қарор дорад. Раис бо як ҷаҳиш ҳудро рӯи асп гирифту бо таҳдид : – Канӣ ҳама ба пеш, ба саҳро ва қамчинро боло бардошт. Коргузор ба сарварии иштирокчии ҷанги зидди фашистон Мирзо Остонаев ин дам чун ҷинояткор дар ҳайати “ баталёни ҳаримавӣ ” ба душвортарину пурхатартарин рамзҳо – аз асорати тоҷи хурӯсу шӯрак наҷот додани пиёдааскарон – ниҳолҳои пахта сафарбар шуданд. Пас аз ҳафтае, ки нашъу намои пахтазор ҷараёни мӯътадил гирифт, раис чанд танро ба ҳавлии Мирзои “ ҷабрдида ” равон намуд. Онҳо хишт рехтанд, девор бардоштанд, болор чиданд, шифер заданд, дару тиреза соз карданд. Хонаи зебо қомат афрохт. Раис Ҷеранро ба сутуне баста вориди хона шуд. Чеҳрааш хандон. Мирзои ҳамяроқашро ба оғӯш кашида, ба бунёди хона табрик намуд. Ва афзуд. – Ана ако, кор ин хел мешавад. Ҳам лаъл ба даст омад, Ҳам ёр наран- ҷид. Аммо барои он “ ба беадабии Ҷеран ” маро бубахшед. – Илоҳи додар, барака ёбед, мани дасттанҳо то зимистон ҳам хона- пӯшӣ наметавонистам. Ба ин зайл раис аз вилояту ноҳия барои колхозчиён масолеҳи сохтмон оварда, барояшон манзил бунёд менамуд. Бале, марди мастчоҳӣ дар футӯҳоти дашти хористони саргаш устуворона пеш мерафт. Олами вуҳуш бо расидани қудуми Инсон аз водӣ ба қаъри кӯҳу пушта ақиб менишаст. Он солҳо дар сафҳаҳои рӯзномаву маҷаллоти маҳалливу марказоти Иттиҳоди Шӯравӣ аз корнамоии беназири мардуми ғаюри Мастчоҳ ҳикоят карда мешуд. Ибтидои солҳои 60 – ум яке аз Ҷаридаҳои русӣ нигошта буд : “ Тоҷикистон иқлими гарм дорад, ки монанди Миср ба равнақи пахтакорӣ басо мувофиқ. Вале дар ин кишвари афсонавии биҳиштманзар, беш аз навад дар сади ҳудудашро кӯҳҳои осмонбӯси сарсафед иҳата кардаанд, на ҳама аз нашъунамо доштани “ тиллои сафед ” огаҳанд. Гирем, кӯҳистони Мастчоҳро. Мардумони ин минтақа табиатан бе – бок, ғаюру мубориз буданд. Онҳо ба чорводорию боғдорӣ, дуредгарӣ бештар шуғл доштанд. Мастчоҳиён – ҳамон мардумонеанд, ки бо Шӯравӣ омезиш наёфтанд, ба тарзи зиндагии болшевикӣ ба осонӣ нагаравиданд. Ва танҳо баҳори соли 1923 баъди задурӯрдҳои шадид торумори охирин сарбозони миригарӣ – Давлати худгардони Масчоҳ бо Иттиҳоди Шӯравӣ шартномаи сулҳ баст. На, сулҳ, балки Масчоҳ таслим гардид. То солҳои авали то истиқлолияти хеш аз сар гирад. Инҳо дар таърихи тн сарзамин бо номи “ Войнаи Шоодибек ” , ” Ошӯби Мирсанг ” , ” Исёни Тилло ” мунъакис шудаанд. Аммо баъд кӯҳистониён тан тақдир доданд. Корсозии шӯравӣ аз корбасти миригарӣ ба чашмашон “ беҳтар ” ба ҷилва омад. Ҳукумати Тоҷикистон нерӯи ин мардумро дар фатҳи Дилварзин, ки андешаашро Ленин ба миён гузошта, вале комёб нагардад, истифода бинмуд. Дар сафи пеши муборизо – не, ки ба водӣ кӯч бастанду ба “ ҷанги ” нобаробар алайҳи чӯли саркаш майдондорӣ бинмуданд, абармарде чангсолор Наврӯз Раҷабов дар набардҳои дуюми ҷаҳон се дафъа захм бардошта, фаъол будааст. Ҳафтае бо ӯ будам, то аз рӯзгори ин марди наҷим наҷим маводе омода созам. Рӯирост иқрор мешавам, ки аз ӯ бигрехтам. Чаро, кит об наовардем бо Раҷабов дар майдондорӣ. Ҳанӯз субҳ надамида, сар аз хоб мебардорад. Ва бо табассуми малеҳ :

Субҳро ҳар кӣ зинда дарёбад, Ҳамчу хуршед дар ҷаҳон тобад.

Бечора ҳамсараш, ки аз саҳро мондаву хаста хислати шавҳарро хуб омӯхта. Апаи Рисолатмо – рӯи айвон, кия гон дарахти сояафкан надо- рад, дастархон орост, чою нону қанд овард. Ман субҳона хӯрдани нонро маскаву шир ва ё қаҳва одат доштам. аммо дар тааҷҷуб мондам вақти раис гуфт : – Шир нест, мо гов надорем. Ман гуфтам : – Бок не. Дар ҳайратам, ки чӣ тавр ин мард ширу ҷурғот нахӯрда, пиёда зери офтоби сӯзон майдонҳои киштро зери по карда метавонад. Бешак ба ин мард худованд дар вуҷудаш нерӯи рустамиро арзонӣ доштааст. Ҳамон куртаи низомӣ, ҳамон гимнастёркаи камавндирӣ, ба тан аз хона берун меояд. Ҳаво ҳанӯз торик. Саги Мирзоумар то “ қароргоҳаш ” назди пул, ки рӯи канали “ Тоҷикистони Шӯравӣ ” бунёд ёфта гусел намуду ақиб гашт. Дере нагузашта, ғурриши мошинҳо оромиро халал ворид месозад. “ размандагон ” савори мошинҳа пайи ҳам аз пул гузашта , даст пеши бар ба раис салом мегӯянд. Ӯ низ ду даст пеши бар ба саломашон алейк мегӯяд. Чеҳраи хандонашгӯё : “ Кушоиши кор, худо мададгора – тон ” – бародарон, хоҳарон, падарон, модарон, фарзандони разманда маънӣ дошт, ки бешак ишон ба ҷабҳа, ба корнамоӣ мерафтанд. Аз паси мошинҳо бархе харсавору аспсавор “ бо низом ” аз назди раис мегузаштанд. Оне ки дер мехесту вақти тулӯи офтоб озими саҳро мегашт, аз Худо талаб мекард, то ба чашми раис нахӯрад. Ин на он маънӣ дошт, ки Раҷабов барои танбали маломаташ месозад, балки ра- ис ба ин гунаҳо самимона аҳвол мепурсид. Шармашон меомад аз одо- би раис. Пас аз гусели ҷангиён раис худро зини ҷеран мегирифт. Саҳроро давр мезад. Ба низоми корҳо ошно мегашт. Дар дафтараш он бегоҳ хондам: Розҳову ниёзҳо. Ниҳоли пахтае бо гиря : агар ин шаб обмонро хоб ояд моро сел бо худ мебарад, то канал. асам ба ҳурмати офтоб баро – мад июлу гарде нури надидаанд, то аз зиндони шурак халос нашава – му хашарот аз тан дур нагардад ҳосил нахохам дод. Раис ин розҳо худ медонист ва таъҷилан чораи рафъи наҷоту шифо меёфт ва хирмани пурбаракати худо эҳдо медошт ба ӯву ҳаманабар – донаш. Бо ӯ рӯзе посёлкаро аз назар гузарониданд. Дидам марде қомат – хамида, ришаш дарози чун барф, чун паҳлавони сӣ сола бо каланд аз чуқурие лой мебардошту ҳамроҳи занаш, ки беш аз шаст сол дошт, чобукона хишт мерехт. Аммо ба ҳавлии дигар гузашта, ба рости аз дидани он манзара ба чашмам бовар накардам. Охир он чӣ ки дидам афсона набуд. Ҳақиқат буд, ки дар умрам бори аввал медидам. Ба назар замин ҳамвору гӯё гилемчае пахн карданд, то рӯяш биншинӣ. Вале аз шарфаи пои мо за – мин дарид. Гилемча лаб во кард. Сари зане берун омад ки дар тан кур- таи чити аракшор дошт. – Ҳамшира тинҷ ҳастед? – гуфт раис . – Бари додар мурам, нағзему – гӯён кампирро овоз дигар шуду оҳан – ги гиря соз кард. Саҳари бачам саҳро рафту келинам… ва сухани гӯянда поён наёфта гиряи тифли навзод аз заминкан боло шуд. Раис кампирро фаҳмид. Ба манн нигарист.Аз чеҳраи кушодаву лаби хандонаш осоре надидам. Ҳар ду чу санге дар руи гур лол будем. Дидам, ки раис аз ҷайб руймолча берун оварду рӯяшрпо аз ман сӯи дигар гардонда ашки чашмонашро пок мекард. – Инҷо духтур хаст? – пурсидам аз раис. – Хоби шаб норозиёна чавоб дод. Ва ман хоби шаб гуфтанашро нафахмида, хулоса намудам ки у ҳарфи маро дуруст нашнид ва чизи дигар пиндошт. Вале дар холе ки гиря гулугираш дошт, афзуд: – Духтур куҷо ? Ҳозир як ниҳоли пахта мурад туро ҷазо медиҳан- ду аммо аз он ки тухми кӯдаку пиронсол пок шавад ҳам касеро ғам нест. Одамон дар заминкан, рӯи хоки пурнам, пур аз ҳашарот, боз кӯ – дак тавлид ёфт. Ҳаво сӯзон дар ин гӯрхона ҳаво ҳам намерасид. Оби нӯшокӣ ҳам тухми анқову шири мурғ арзиш дорад. – Воқеан оби нушоки аз куҷо меоред.? – пурсидам. – Аз ягона чоҳе, ки аҳолии се хоҷагӣ аз он истифода доранд. – Оё ҳаммом доред? – Хоби шаб, яъне нест. Ман он шаб даруни пашшахона хуфта натавонистам. Ин на аз он буд, ки даруни ин зиндон барои навас каши ҳаво намерасиду як села пашшаҳои меҳмон неш мезаданд. Пеши он фоҷиа оре, фоҷиаву даҳшатеро, ки дар ин маҳал манн дидам. Паҳлӯ мегаштам чапу рост. Аз накли калонсолону китобҳо шунида ва хонда будам ки ашхосе ба иттиҳоми қотилу хиёнат ба Ватан маҳ – кум ба зиндону бадарга дар манзилҳои барои зисти одам ғайри ҷа- вобгӯ ба сар мебаранд. Сонитар фаҳмидам, ки дар кӯҳистон макони сукунати масчоҳиён беморхонаҳо аксар холи буданд. Аксарияти аҳоли чӣ будани бемориҳои силу тиф, медаву рӯда ва амсоли инҳоро ҳаргиз намедонистанд. Бадбахтона имрӯз ин гуна маризиҳо мардумро фаро гирифта ҳар сол даҳҳо кас ба иллати гирифтори ин гунна касалиҳо шуда аз олам мегузарад. Мӯҳлати сафари хидматӣ ҳам ба поён нарасида бо Рачабов хайру хуш гуфтам. Рости аз корнамоии кӯҳистониён дар ин шароити душ – вор қоил шудам. Аммо дар инъикоси вокеии шароити зиндагии ин қаҳрамонон низ наметавонам. Ба таъбири раис ҳар он чи ки дар вай – ронаҳо дида, дар ободи бигӯяд, ҳама қаламдод бикунад. – Мо ин ҳама мушкилот пас сари хоҳем кард, чӯлро ба гулистон бадал месозем. Нигоштаи қаламкаши русро хондаму суханони дустам Саидҳаким Боқиев – ҷавонмарди бо нангу ор, марди воқеан зиёи, ки ҳамвора баробари дар хизмати аҳли диёр фаъол буданд, бемутолиа худро хар гиз инсони комил намепиндорад ёдам омад. Шукри худо, ки нестанд ононе, ки бо амали шоиста накше муас – сир ба ёдгор гузошта. Бигирем акои Наврӯзмуҳаммад Раҷабовро. Ишон дар ҳар боб – оиладорӯ, оини сарварӣ, тарбияву омӯзиш ва ҳам фарҳангу меҳанпарасти моро устод буданд. Агар ҳамон рӯҳе беши – каст, ғурури иродаи бешикаст намедоштанд, ҳаргиз беш аз чаҳор даҳсола мартабаи падари халқ, сорбони қофилаи ҷомеаро ӯҳдабарои намекарданд. Ҳар махфиле, ки Раҷабов бошанд он ҷо базми шеър аст. Ва манзара ранге ба худ мегирад, ки гӯё Саъдиву Ҳофиз, Хайёму Ка – лим, Иқболу Лоиқ ва хамсоли инҳо дар рубоиоташон бо шумо ҳадис мегӯянд.

Share this: Like this:

САРВОДАИ САРМАДИ (идомаи матлаб)5

– Даллоли бозорам гӯед, майлаш ҳар он чӣ ба зобон ояд таҳаммул накунед. Сарвар сархаму хомҳш монд. Маҷлиси пленуми райком ҷараён дошт. Ба Раҷабов сухан доданд. Ишон ба лафзи модарӣ баёни матлаб намуд. Волков – котиби опком раисро аз гуфтор боз дошту талаб намуд, ки бо забони русӣ гап занад. – Ман тоҷикаму ҷамъияти тоҷиконро сарварӣ дорам. Аз ин рӯ, бо забони русӣ сухан гуфтан зарурате надорад. Волков бо оҳанги амр : – Русӣ надонӣ дар ҷоят шин – гуфт. Нотиқ ба нигоҳи нафратзо ба гӯянда нигоҳе афканду толорро тарк гуфт. Дар маҷлисе дигар, ки раиси шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ А. Қаҳоров ширкат дошту аз Раҷабовро ранҷонидани Волков малул буд, вақти ба минбар хондани раиси қаҳрамон фармуд : – Марҳабо, Раҷабов бо ҳар забон, ки мехоҳеду бароятон мувофиқ аст, сӯҳбат кунед. Бархе аз сарварони тасодуфиву ноҷавонмард ба сари ин марди поктинату поксиришт ба иллти оҷизиву нотавонбинӣ, бухлу ҳасад борони бӯҳтон рехтанд. Ҷурми дасти чапро бп дасти рост бор кардани шуданд. Мақомоти вилояту марказ айбҷӯёнро фош намуда, “ гунаҳ – кори ” , нокардагунаҳро аз хатори “ мешинонем ” , “ парвандаи ҷинояӣ боз мекунем ” раҳои бахшиданд. Ҷ. Расулов дар як ҷамъомади калон ба Раҷабов “ амр ” намуд, то дига- рон донанд : – Раҷобов бу руҳи ҷанговарона бо аҳли фаҳми хеш қадам гузоред. Аз касе ҳарфи носазо шунавед ба манн занг занед. Он “адолатхоҳон ” фаромӯш накунанд, ки Наврӯз Раҷабови қаҳрамон ифтихори мост.

Чун ин бишнидам, он лаҳза байти зер, ки дар “ Хирадномаи Нав – рӯзӣ ” сабт ёфта, ёдам омад :

Магзор худоё, ки шавад ҳеҷ мусалмон, Хиҷолатзадаи тӯҳмати нокардагуноҳе.

Рӯзе шавқи дидори устод Муҳаммадрауф Ғуфронов дар дилам ба туғён омад. Муаллимро ғарқи дар тафаккур ва дар чеҳра истиробеву ташвише дидам. – Хайру хайрият ҳаст, устод ? – Худоро шукр додар. Сиҳат саломат ҳастем. Навакак аз ҳавлии қудоям, ако Раҷабов омадам. Ишон дер боз бистарӣ, хеле харобу лоғар шудаанд. Ду рӯз пештар беҳтар буданд. – Бале, акоро дарди ҷонкоҳе азият дод, гуфтам. – Худованд шифояшон диҳад. Лекин сад ҳайф, ки ҳамингунаҳо аз дунё мераванд. Аммо мурдан ҳақ аст, додар Раҷабофҳо ҳаргиз наме- миранд. Аз рӯзгори ин касс ба хуби огоҳам. Ростӣ, вақте” Вафо ” – и Ф. Ниёзиро хондам, ба худ ҳукм намудам : Муаллиф танҳо тағйири ном карда, симои ҳақиқии қаҳрамони ҷангу меҳнат Наврӯзмуҳаммад Раҷабови ҳамдиёри моро қаламдод кардааст. Аз хурдӣ орзу мекардам, ки агар рӯзе сарварӣ дастам диҳад, аз Раҷабов пайравӣ хоҳам кард. Шукри худованд солҳои тӯлонӣ дар ҷамъияти мухталиф роҳбар будам. Ва агар амале нек ба ҷой оварда бошам, тақлиде аз пирам Наврӯзмуҳаммад Раҷабов будааст. Фахр мекунам, ки умри хеш ба ройгон надодаам. Дар меҳмондорҷ надидаам, ки кассе ба Раҷабов баробар бошад. Дар фазлу сухандониву кор бастан беназир буданд. Боре писарам, Инъомҷон – домодашон дар тиҷорат кораш омад накарду аз бархе қарздор монд. Қариб шаш моҳ “ ғайб ” зад, то мардикорӣ карда, сармоя пайдо бикунад. Ин муддат мани шармсор мекӯшидам худро аз чашми қудоям дурр созам, то нагӯяндам : – ҳа, Маҳмадрауф ҳунари келиндориат 7амин будаасту… Аммо ҳама кор акси ҳол рух дод. Устод дар ғайбати домодашон моҳе ду дафъа ба хона омада, аз ҳоли мо хабар мегирифтанд : – Қудо, – мегуфтанд – духтари манн бачагӣ карда, мабодо шумоёнро озор надодааст ? Ва Танзиламо ҳушдор моданд, ки : – Духтарам, агар аз ин хонадон дастаи ҷорӯб аз ту озурда гардад, манн шод нахоҳам шуд. Худоро шукр мегӯям, ки монанд ба қиблагоҳам устоди бузургвор, падари ғамхору бофарҳанг ёфтам. Иқрор мекунам, ки гоҳе аз фазлу сухани хусур “ хиҷолат ” мекашидам. Агар кор ба “ байтбараки ” андарзпазир оид мегашт, пирӯзӣ ҳаргиз сӯи банда майле намекардам, – ифтихормандона мегӯяд Инъомҷон. – Наврӯзмуҳаммад Раҷабов дар чанд ҷабҳа ба ҷомеа мартабаи устодӣ доштанд : дар бобои сарварӣ, деҳқонӣ, тарбия, оиладорӣ ва амсоли инҳо, – меафзояд устод Ғуфронов – ҳаргоҳ ба колхоз “ уполнамоч ” ояд худро ноҷӯр ҳис мекарданд. – Аз паси он “ мададгорон ” қадам монда худ роҳгардиро “ гум ” мекарданд. Бегона ояду ба мо “ чунину чунон кун ” гӯяд бароямон нанги бенангист, – норозиёна мефармуданд Наврӯзмуҳаммад. Бемор ба атроф кунҷковона дида дӯхтанд. Фарзандон, наберагон чашм ба падар, бобо : Ҳама дар интизори “ лабвокунии ғунча ” ва шамидани бӯи атргул. – Зафар, – садо бароварданд устод. – Лаббай, додо. – Шукри худованд индам хушҳолам, Ку бачам, ҳадисе бигӯ, ташнаам. – Чашм :

Рост рав, ки ба манзил наравад каҷрафтор, Мор то рост нагардад, наравад дар сӯрох.

– Офарин, писарам. Аммо бигӯ, ки ин андарз аз куҷо ҳифз кардӣ ? – Солҳои донишҷӯӣ. Аз “ панду ҳикматҳо ” . Мӯйсафед хандида, бо шеваи шӯхӣ : – Не, ҷон, ин мираъҳоро аз “ Хирадномаи Раҷабов ” гирифтаӣ. Агар вақти таҳия аз бар мекардӣ, кайҳо бароям мехондӣ. Мардона иқрор шав. – Оре, ҳақ гуфтанд Раҷабов, – хиҷолатманд, вале шӯхона ҷавобдод Зафар. Ба андешаи он ки пирамарди ранҷурро аз вартаи маризӣ лаҳзае берун кашем, байбаракро идома бахшидем. Банда ин матлаъ ба забон овардам :

Эй кабки хушхиром куҷо меравӣ, биист, Ғарра машав, ки гурбаи обид намоз кард.

Тавозӯъ ҳам такабур ҳарду даркор аст инсонро, Ба гул шабам, ба оҳан оташи сӯзон даркор аст.

Зиндагонӣ роҳаташ дар ибтидою интиҳост, Ё лаҳад ҷои фароғат ё канори модар аст.

Нармӣ зи ҳад мабар, ки чу дандони мор рехт, Ҳар тифли найсавор кунад тозиёнаш.

Маҳадшариф аз ҳарфи Бедил :

Марги дарёдил ҷаҳонеро далели кулфат аст, Шамъ агар хомӣш гардад, доғи маҳфил иешавад.

Сухан аз Мавлавӣ, гуфт Танзиламо:

Зоҳиру ботин агар бошад яке, Нест касро дар наҷоти ӯ шаке.

Шукур садо дардод :

Бо бад манишин, ки сӯҳбати бад, Гарчи покӣ, туро палид кунад. Офатеро ба ин бузургӣ, Порчаи абр нопадид кунад.

Чаро парвоз кардӣ дар фазои худписандиҳо, Ба пастиҳо назар андохт бояд аз баландиҳо.

Ҷумъабой сар бардошт :

Синае аз хонаи оина дорам поктар, Ҳар чӣ ҳар касс оварад, бо хеш меҳмонаш кунам.

Азизмаҳмад, – набераи устод, он бачаи закмтабъ мегӯяд : – Ба такрор аз забони бобои бузургворам шунидаам :

Ба савганди норост макшо забон, Ки дилро газанд асту ҷонро зиё.

Устод ҳозирин – фарзандонро баҳрисозмондиҳии базми шеър шодбош гуфта, бо ин ду мисраъ андарзхониро ҳусни хотима бахшиданд :

Сидқ меод ба ҳар коре, ки ҳаст, То фитад домони мақсудат ба даст.

– Бале, ҳазрати Мавлоно, Абдураҳмона Ҷомӣ барҳақ фармудаанд, – ба тафсиру шарҳи маънӣ пардохтанд. – ако Наврӯзмуҳаммад пиёлаип чой ба даст бигрифта. – Бигиред фатҳи Дилварзинро. Агар кӯҳистониён бо азму яктан амал намекарданд, чӯлистон, хористон, макони ваҳш, ҳаргиз ба Инсон сари таслим фуруд намеовард. Марди набард оҳе кашид, чашм ба нуқтае ноаён, “ насб ” бинмуд ва мутафаккиру хамӯш буд. Оре, ҷангсолор чу ғаввосе “ дамдор ” дар қаъри дарёи ҳодтсаҳо, амалиётҳо, бурду бохтҳо, шодиву ғамҳо “ даступо мезад. Он ҳама ҷон- бозиҳои ҳамдиёронро дар роҳи ба гулистон бадал сохтани дашти лабташнаву синабирён пеши назар меовард. Ӯро гузашта ёд омад. Наврӯзмуҳаммад раис буд. Раиси хоҷагии овозадори ба номи Сталин. Ҳаргиз наметавонист соли авали раисиаш аз зеҳн зудояд. Аб – ри ҷанг болои Эзиси фарсахҳо дур аз ҷабҳа борони бадбахтӣ рехт. Нон тухми анқову шири мурғ буда, гӯӣ. Року ашкаки роба, шилму корав, барги хору торон, орд пӯчоқи донаи зардолу хӯроки маъмули деҳотиён будааст. Гуруснагӣ ашхосе чандро ба гӯристон бурд. Шукри худо маризиҳои ҷанг шифо ёфтанд. Шарофати роҳбарии ӯҳдабароёни қаҳрамони набарди алайҳи фашистон хоҷагии иҳтидораш заиф дар сафи пешқадамон маскан гирифт. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ нимаи дуюми солҳои панҷоҳум муҳоҷирати кӯҳистониён ва Дилварзин оғоз ёфт. Аммо таъкид менамоям, ки ҳиҷрати марди кӯҳистонӣ ба водӣ ҳарчанд он замон дарднок буд, вале амале шоиста ба бор овард. Акнун манзараи он айёмро ба ҳадди тавон пеши чашми хонанда ба ҷилва меорем. Ҳар оилаи ба макони нав азми сафардошта, бо “ иродаи ” хеш анкета пур мекард : “ Ман фалонӣ валади фалонӣ бо хоҳиши худу аҳли байтам, қасди кӯч ба Дилварзин дорам ” . Ҳақиқат на чунин будааст. Ҳукуматдорон бо такя ба нерӯҳои қудратӣ – милиса, додситониву додхоҳӣ аввал фаъолонро – соҳибони ҷоҳу мансабро равони Дилварзин намуданд. Мсъулони муҳоҷиркунонӣ дар ҳар деҳи кӯҳистон бешармона мегуфтанд бо овози баланд : – Чун по ба макони нав гузоштед, шуморо хонаҳои ободу муҷаҳ- ҳаз, мактабу бемористону кӯдакистон ба оғӯш хоҳад гирифт. Мағозаву чойхона, сартарошхонаву ҳоммом ва амсоли ин омода ба хихмататон хоҳад буд. Аз издиҳом касе садо дод, ки : – Банда тарки макони аҷдодӣ бинмуда, ба Дилварзин меравам. Ниҳоят сиёсати диктотурӣ пиёда гардид. Дар баъзе кишлоқҳо “ миёни ” хонаҳо – он вомондаҳои бобоёну бибиёнро бо сим баста ба мошинҳо пайваста, ба замин яксон сохтанд. Гарданшахон сили хӯрданд. Дар баъзе маҳаллоти дигаре, ки аз роҳи мошин дур воқеъ буданд “ шавқату раҳми ” камандаи “таъиноти махсуси ” муҳҷиркунонӣ бо зоғнӯл бомҳоро канда, манзили ободро ба чордеворе, ки баъди бомбабронкунии фашистон дар манотиқи ҷангзада боқӣ мегузошт, табдил доданд. … Тағоймурод азбаски қисмати кӯли муҳоҷирин яксон буд, ( ин номи шартиро аз он корвониён пазируфтем) бо хешу ақрабову аҳли оилааш бо дидаи гирён савори мошин роҳи водӣ пеш гирифт. Пеш аз ҳаракати мошин масъули ҳукумат ба дасти Тағоймурод қоғазе доду гуфт: – Ин, анкета, мувофиқи ин ҳуҷҷат ту азми дил ба азхудкунии дашт меравӣ, даҳ сол бояд дар футӯҳоти чӯл камар бандӣ, баъд чор тарафат қибла, ҳар ҷо, ки хоҳӣ бирав. Марди муҳоҷир беэътиётона ба гӯянда нигаристу фузуд: – Ба ҳарфи ту ҳаргиз бовар надорам. Иншооллоҳ руху арвоҳи гузаштагон туву думравонатро барои ин ҷиноят, ки манзили халқро хароб кардед, хоҳад зад. Ман ин ҳамаро аз Худо медонам. Агар аз мо бандагони осӣ ҷурме намегузашт ва арвоҳҳо намеранҷиданд, касе кодир набуд, ки лонаи гуҷишке хароб кунад. Корвони мошинҳо деҳоти фалғариёнро ба ақиб гузошта, шабонгаҳ ба домани ағбаи Шаҳристон расид. Мошинҳо чун қатораҳои боркаш паси ҳам боло аз Хушекат бозистоданд. Марди пиру асобадаст бо душворие аз сандуқи мошин ба замин фуромад. Комташро рост карду дар даст кафлеси чубӣ ҷониби дарёчаи шӯхоб шитобид, то барои ҳамсари маризаш об орад. Баъди лаҳзае бо кафлеси пуроб оҳиста – оҳиста ба тарафи мошин омад. Кафлесро боло бардошт. Зани пир ба поён даст дароз кард. Сараш гаранг. Пеши чашмонаш сиёҳ, гӯё кӯҳҳову сангу дарахтон ба назараш ба ларза омаданд. Кафлес аз дасташ афтод. Аниктараш бигӯем зани бемору беҳол, ки аз бӯи бензини нимсӯхтаи дар умраш надида, дилаш “ кофт ” – қайд кард, хӯрдаҳо аз даҳонаш берун омданд, ё тавони бардоштани кафлеси пуробро надошт. Пирамард ноилоҷ ба тарафи рӯдак қадам ниҳод бо чеҳраи ғазаббору зери лаб ғур – ғуркунон. Бозмондаи автомабилхо дарди сафаракиҳоро гӯё бедор кард. Ногоҳ садои ташвишу истиробангези марде баланд шуд, ки мегуфт: – Ягон мулло ҳаст. Бачама тарс гирифтааст, нафасаш кунед, аз барои Худо шитобед, кассе Қуръон мехонад. Тағоймурод марде буд, ки чанд ояте ғаз каломи шариф ҳифз бинмуда. Аз баҳри савоб зуд таҳорат сохту сари бемор омад. Каломи Худо ба забон оварду бачаи беҳушу ёдро куфу суф намуд. Пас аз дақиқае чанд кӯдак чашм кушод. Модар аз гғяти хурсандӣ, аз рухсори чун себи гулоби сурхи писар бӯсиду пистон ба даҳони тифл монд. – Илоҳӣ барака бад, бобо. Дар курсиҳотун мурам, арзи миннат – дорӣ намуд. Ронандагон ба “ халқи ” мошинҳои аз пубори ташнамонда об рехтанд. Офтоб кайҳо паси қуллаи ағба ғайб зад. Чодари сиёҳи шаб дар дараи танг доман густурд. Баробари он хунуки – боди сард роҳиёнро, хоса кӯдакону пиронсолонро азият медод. Шаб зулмониву пурбим. Бархе ҷонибдори он буд, ки корвон ба роҳ дарояд. Гурӯҳе пофишорӣ дошт, ки ин ҷо шабро ба рӯз орем. Ниҳоят, сорбони корвон тасмим гирифт, ки таваккал ба Худо ба сафар идома бахшем ва сиҳату саломат ба он тарафи ағба гузашта, пасон соате чанд ғанаб равем. “ Ғанаб ” рафтан ба ронандагон зарур буд. Ба онҳое, ки рӯи сандуқи автомобилхо манзил доштанд ин нуқта аҳамияте надошт. Зеро онон метавонистанд бо “ аллаи ” мошин пой дароз карда фароғат бикунанд. Барои ронандагон ин хеле аҳамиятнок буд. Чаро, ки аксари онон то ин дам фақат дар кӯчаву хиёбонҳои мумфаршу ҳамвори шаҳр мо – шин медавонданду шебу фарози ағба, каҷгашти роҳҳои пурбими кӯҳистонро бори нахуст медиданд. Аз ин рӯ, бисёр ронандаҳо ҷонибдори он набуданд, ки дар ин зулмат ба қади ағба часпиданд. Вале аз сафари рӯзона ҳам дар бим буданд, ки мабодо оби радиатор чушаду мошин “ ҳаставу нафасгир ” шавад. Баъди соате чанд ҳашт мошин қулларо “ фатҳ ” намуда, ба поён хамид. Акнун бо ҳамон суръат дар масири рӯ ба нишеб автомобилҳо “ нола ” надоштанд. Соате нагузашта, корвон дар домани ағбаи Шаҳристон “ лангар ” гирифтан. Саманди вақт ҷониби саҳар шитоб дошт. Мусофирони ин ҳашт мошин дар ҳоли фароғат буданд. Аммо калонсолон чашм аз роҳ наканда азозони худро интизорӣ доштанд. Дар осмон ситораҳо базме ороста, сӯи ҳам ба чашмакзаниҳо “ сухан “ мегуфтанд. Моҳ миниртар буд. Дуртар аз меҳмонони ағба, рӯи қуллаи сиёҳи бадҳайбати самти шарқии кӯҳи арчапӯш абрҳои парокандаи хокистарӣ манзил доштанд. Аз ҷониби ғарб боди сарду нарме вазида бӯи мушкбези рустаниҳоро дар замини кӯҳ рӯидаро ба машом мезад. Аз боло садои мошини ба пастӣ рӯ ниҳода аҳён ба гӯш мерасид. Вақти аз роҳи рост ба каҷгаҳ гаштан нури чароғи мошинҳо дили зулматро шикофта, ҳама ҷоро рун рӯз равшан менамуд. Аммо баъди лаҳзае боз дар дара лашкари торикӣ ҳукумат менамуд. Пас аз нигарониҳо ниҳоят боз се мошин ба “ меҳмонхонаи ” ағба ву- руд кард. Ҳафт автомобили дигар мебоист ҳамин замон ояд. Апқти зиёде нагузашта, шаш мошин сиҳату саломат ағбаро убур намуд. Сорбно аз ронандаи охиромада сабаби аз корвон мондани он мошинро пурсид : – Аз ҳама охир манн будам, – гуфт ронандаи тақрибан панҷоҳсола, дуди стгор аз даҳон берун карда ва илова намуд : – Беҳтарин мошинҳоро дурустар тафтиш намоед. Оре, Сорбон саҳв накарда буд. Баъди сухани ронанда рӯи дили он мард пардаи яъс пӯшонд : Ҳодисаи нохуш рӯй додааст – аз дил гузаронд. Мард дар тахмини худ хато накарда буд. Дар хамгашти дуюми ағба мошини пурбор, ки аз ақиби қофила равон буд, дучори фоҷиа гашт. Ронанда, ки фармони автомобили кӯҳнаро ба ӯҳда дошт, ҳини ба поён роҳ пеш гирифтан хобаш омад. Дақиқае чанд ба беру номад аз кабин, сигор кашид, ҳаво хӯрд, шамоли берун ба ҷисму ҷонаш таъсир кард , хобро аз худ дурр сохт. Ин дам дигар мошинҳо аз ӯ хеле дурр рафтанд. Автомобил ба пеш хазид. Вақте аз хамгашти дуюм ба поён гаштанӣ шуд по ба тормоз бурд. Аммо … Он қисмат аз ҳоли итоат берун, фаъолият қатъ. Ранг аз рухаш парид. Лаҳзае худро аз даст дод. Вале пирамарде, ки пахлуяш хоб буд, холи ногувори ронандаро эхсос карда натавонист. Ронандаи кордида худро ба даст гирифт. Фшнангро иваз кард, аммо суръат суст нагашт, томоз “гапношунав”. Ҳаёту мамот дар ҳолӣ набард. Чӣ бояд кард? Ягона умеди наҷот ба чҷниби кӯҳ ба самти чап бархӯрдкунонидани мошин буду халос. “ Даҳони ” автомобил бо шаст ба кӯҳ бархурду лаҳзае аз гуфтор монд, баъд саллаҳо ба қафо гаштанд. Ин дам фиғони саворон баланд шуд. Касе натавонист мошини ба лаби чҷрӣ равонро боз дорад. Мошин аз роҳ баромада рӯи бурси хурдакак, ки чун арӯс зебо буд, чаппа шуд, ду ғел заду аррачағҳои поёнии онро боздоштанд.

Марду зани саворони оила яке сар ба харсанг хурду дигариро тобае ба қалб он чунон зад, ки пас аз лаҳзае нолаву авгон чашм аз ҳаёт барбастанд. Ду кӯдаки яке чаҳору дигаре ҳафтсола бо ронанда сабук захм бардошта, зинда монданд. Дамодами субҳ вақти чодари тираи шаб бо “ фишори ” пури хуршед бигрехт, ҳамсафарон аз фоҷиа огаҳӣ ёфтанд ва захмиёнро ба бемористони Ӯротеппа бурда, мурдаҳоро – зану марди ҷавонро ба дили хоки заминаш бесанги Дилварзин – макони нав манзил доданд. Ҳанӯз ба чӯлистон нарасида, муҳоҷиронро ин рӯзи сиёҳ пеш омад. Шумхабар зуд ба кҳҳистон ба гӯши онҳое, ки мебоист рахти сафар буданд, расид. Кассе баъд майл ба ҳиҷрат накард: – Ни чего подобно, врйна без патер не бивает, – гуфт масъули муҳо – ҷиркунонӣ ва мардумро мисли гунаҳкоре, бадномшудае, дар марзу буми аҷдодҷ бегуноҳе, ҳуқуқи зиндагӣ надоштае, иҷборан рӯи сандуқи мошинҳо чун колае “ ҳаво ” дода. – Ба пеш, – амр менамуданд ба ронандаҳо. – Майлаш, додар, ба ҷону дил кӯч мебандем. Ленкин чашм ба роҳ, асту дасту пои вазнин дорад, худо кушоиш диҳаду баъди ҳарфе чашмаш рӯшан шавад, худам мошин киро карда, ба Дилварзин меравам, – илтиҷо менамуд марде ба намояндаи ҳукумат. – Не, рафиқ зани манн ҳам ҳомиладор аст, кассе ҳуқуқи таъхир намудан надорад, меравию халос, пагоҳ не, балки имрӯз ҷӯлу пҳстакатро бардори ба нағзӣ бирав, – бо лаҳни тунду дағалу таҳдид суханро ҷамъбаст кард вакили давлат. Он мард ноилоҷ ҳамроҳи хешу табор, ҳадду ҳамсоя бору кола рӯи мошин ҳаво доду бо азобе ҳамсари маризашро дар сандуқи автомрбил ҷо кунонд. – Худо накарда,ҳодисаеногувор ба ҳамсарам рӯй диҳам, к ибо ту фасонча баъд ҳисобу китоб мекунам, – ба вакил рӯ оварда вақти падруд ба зодгоҳ гуфтаму ҳини ба ҳаракат омадани автомобилҳо. Вакил худро бо карӣ кашиду вонамуд сохт, ки ин хушдор нашнид, як каф нос ба даҳон партофту бо шахси дар паҳлӯяш буда бо табассуми сохтаву ноҷӯр – сак маккад гуфту ба ронандагон амри ҳаракат дод бо ишораи даст. Бо ғурриши садои мотор навҳаи зану мард, хурду бузург дар фазои деҳ паҳн гадид. Баробари сокинони ин маҳал – ронандагону бошандавгон гӯё сангу чӯб, хору хас, кӯҳу нара, рӯдхонаву чашмаҳо, паррандаву чаррандагон аз дарди ҷудоӣ ба сони абри баҳорон мегиристанд. Ҳама азодор, мотамзада, ҷигарбандталафдода аз азизе умрбод ҷудо гашта, нолаву афғонашон ба осмон мехӯрд. Сбҳи рӯзи дигар мошине, ки рӯи сандуқаш он марди озордидаву ҳамсараш мариз аз ҳамсафарон хеле дертар дар назди чойхонаи Гули Сурхи Ӯротеппа бозистад. – Об мехоҳам, додош, – ба шавҳар рӯ овард зан, ки забонаш парсин- баставу ранг аз рухаш парида буд. Марди шофбурут ҷисми хеш ба поён ҳаво дод, сҳи чойхона давид. – Як пиёла об, ако – саломро гӯё фаромӯш кард, гуфт бо ҳаяҷон ба чойхонадор. – Ҷӯи пуроб, ӯар қадам хоҳӣ бинӯш. – Як чойник чой диҳед. – Ҳа, чой менӯшам, гӯед. – Ҳо чой мехӯрам, – бо ҳаяҷон такрор намуд. – Чойнику чою пиёларо ба даст аз дар берун по ниҳодан баробар : – Ҳой, мардак, шаҳр дарвоза дорад, чойникро ба куҷо мебаред, баргардед, ба берун бурдан мумкин не – садо баланд кард чойхонадор. – Бемор дорам, ако, илтимос мекунам. Беморро биёред, ин ҷо дам гирад – гапро ба дароза кашид. – Вай роҳгардӣ наметавонад ? Инаш кори ман не. Нахоҳед чойникро монда равед. Пирамари нуроние, ки рӯи кӯрпача нишаста ин ҳолро шоҳида мекард, аз рафтори ноҷавонмардонаи соҳиби самовор ба ғазаб омаду : – Ту одам – мӣ, бӯи мусалмонӣ дорӣ ? Ин мард маълум, ки мусофири бемор дорад. Чойникатро намехӯрад – ку ! – Равед ба беморатон чой диҳед, – ба меҳмон гуфт он пир. – Мана, чой овардам – гуфт пиёла ба ҳамсар дароз карда. – Ман касал, бо гилем, рум чодар кашед – ба нола дар ҳоле, ки ба худ мепечид, садо баровард зани ҳомила. Дере нагузашта гиряи тифли нав ба дунёомада дар фазои сандуқ танинандоз гашт. Мард аз пешонии зани қариб беҳуш бӯсиду, ашки дидагонаш мисли борони сел равон шуд : Ин ҳам ашки шодӣ буду ҳам ашки кину ғазаб,дарду алам. Шодӣ буд, ки тифлашро солим ба даст овард, мушкили занро Худо осон намуд. Ғазаб буд, ки таҳқир буд, намояндаи ҳукумат суханашро ба замин зад, ба қисмати оилааш бетараҳҳуму бетафовут муносибат дошт. Ронандаи автомобил марди тақрибан 40 – 45 солаи рус аз ҳодисоти рӯи сандуқ рухдода огаҳ буд. Падари навзодро шодбош гуфту афзуд : – Опбоем, когда будем дома, обязатенльно випим. – Худо хоҳад випид мекунем, молодой челолек, – ба чеҳраи хандон оби чашм пок карда, гуфт мард. Занро чой нӯшонд. – Духтарчаро Сафаргул ноа мегузорем. Ин дар роҳи сафар мӯъҷизаи худост. Яъне сафарамон гул ба бор орад, – ба занаш дида дӯхта иброз намуд. – Дар мӯҳои сарат мурам, худата суст напарто, қарибба макони нав расидем. Муҳоҷирон шоҳроҳи мумфарши чун дили даст ҳамвори Ӯротеппа – Хуҷандро ба қафо гузошта ба тарафи чап гаштанд. Рӯдҳои Сайҳунро убур бинмуда қад – қади канали “ Тоҷикистони советӣ ” бо роҳи чақар – чуқури кӯҳи Меваӯул сӯи дашт равон гаштанд. Ҳар қадар ба чӯл наздик шаванд гӯё ба қаъри танӯри тасфон вуруд мекарданд, ки ҳамон қадар сӯзиши офтоб бештар эҳсос мегардид. Мошинҳо ҳидояти масъулони хоҷагиҳо назди чордеворҳои беболопӯш қарор мегирифтанд. Марди шофбурут навзодро бо модараш оҳиста аз автомобил поин овард, баъд дигар фарзандону бору бӯғчаашро низ. Вориди хонаи ваъдагӣ, “ муҷаҳҳаз ” шуд, се дар хона бе дару тереза, сақф – осмон. Тарбуз аз бағали мард ба замин зад. Тозон назди ка- лонҳо рафт. – Манн кӯдаки новзод дорам, зери он деворҳо бе сарпаноҳ дар ин офтоби бадансӯзҳоли мо чӣ мешавад ? ! – Ҳамаи хонаҳо ҳамин хел бародар, ба тақдир тан диҳед. Мард ноумед ба назди зану фарзандонаш омад. Худро дар зиндон эҳсос дошт. На обе ва на бурдаи нон аз гулӯяш намегузашт. Мушт бар сар мезаду мегуфт : – Худоё, худовандо, оё аз мо чӣ ҷурме гузашт, чӣ нофармоние ба ҷо овардаем, ки мо – масчоҳиёнро ба ғазабат гирифтор кардаӣ ? ! Рӯзи дигар марди шофбурут ба саҳро баромад. Пешдоман басту аз субҳ то шом нӯҳ кило пахта чид. Шабонгаҳ бо устоҳо як хонаро тол кашиду соябоне бари кӯдакон соз кард. Баъди ҳафтае ба бародари мӯйсафеди камардараш ба ин мазмун нома навишт : “ Ассалому алейкум, ако, моён сиҳату саломат ба Дилварзин ра- сидем. Ба макони сари зист таъин шуда нарасида, дар роҳ соҳиби меҳмони нав гардидем. Номи духтарчаро Сафаргул мондем. Аҳволамон хеле вазнин. Офтоб баданро месӯзонад. Аз дарахт ному нишоне нест. Оби нӯшокиро аз бочкаҳо менӯшем: гарм, халлуче, ки ба гову хар медонем сад бор аз он ширинтар астю Аз ваъдаҳои калонҳо ному нишон нест. Хонаҳо бом надоранд. Шаб вақте ки офтоб нишаст, лашкари пашша ба сарамон ҳамла меорад. Бе сипар – пашшахона зиста наметавонем. Бархе даруни гӯрҳои калон – заминканҳои пур аз қурбоққа зиндагӣ ба сар мебаранд. Ҳезум нест, ки нон пазем. Ширу ҷурғот ба хоб меби- нем. Ҳанӯз барои мактабу бемористон таҳкурсӣ бино нашудааст. Он ваъдаҳое, ки дар анкета буданд – хонаҳои барҳаво, шароити хуби маишат, пули изофагӣ… танҳо дар ҳамон анкета монданду халос. Танҳо як чизаш – рост чӯл. Хористон аст ин ҷо, ватани мору баққаву пашша . Аллакай аз пештар омадагон се кӯдак бар асари гармиҳо – аз ташнагӣ тарки дунё намуданд. Ако, агар тавонед, баҳонаву сабабҳои мӯътамад пеш ореду ҷои гармотонро хунук насозед. Аз барои худо ин ҷо лонаи ба марг маҳкумшудагон асту басю Наоед ” . Нома ба бародар расид. Бародар сатрҳои пурдарди фарзанди падар бихонду он шаб натавонист то саҳар осуда хоб равад. Субҳи рӯзи дигар худ мшин хосту бо аҳли оила зиндагиро дар ин биҳишт ҳаром хонд ба кулли ҳамдиёрон. Марди рӯзгордида гуфт : – моро бо шиканҷа бо ҳарфҳои дурӯғин ба ободӣ, бо фатҳи чӯл бурдаанд. Меояд, ки марди масчоҳии сар то по ор чун Рустаму Исфандиёр ва Наврӯзҳо майдондорӣ кунем. Қаҳрамон он аст, ки аз хористон гулистон бисозад. Наврӯзмуҳаммади раисро дар Дилварзин ҳамин тавр касе калиди хонаи дакаданг ба дасташ надод. Марди донишманду ояндабин муҳоҷиратро пазируфт. Аз аввалинҳо шуда ба чӯлистон омад. Дигарон ба ӯ пайравӣ карданд. Фақат аз он ки роҳбарони беадолат ба мардуми меҳнатӣ зулм раво диданд, худро маломату сарваронро дар дил нафрат мехонд.

Share this: Like this:

САРВОДАИ САРМАДИ (идомаи матлаб)4

Он шахс дар идораи ҳукумат шумо – раисро озурд. Ин дафъа ояд навиштаи ҳозираро наздаш гузоред. Ғамгин нашавед бадро бадии хеш кифоят бошад. Аксар ояндагон ба одоби аёдати бемор ончуноне мебояд, риоя доранд. Вале бархе барои худнамои шахси беҳолу ранҷурро бо лаҳни дағалу гӯшхарош садо баланд карда: – Ҳо ако мегӯм, ки чуту ҳайед ? Шермард чашмҳоро акка кунондед – о. Набоядтун ҳам базӯр – базӯр хӯрдан гиред, як гап мешавад. Ин гап ба ҳеҷ касс аз шунавандагон мақбул набуда. Вале гӯяндаи “ донову хиранманд ” то дер чашм аз мариз наканда, ҷоя майда менишинад. Банда акоро хеле хушҳол ёфтам. Ишон гулгуну хандон … Сабаби инро низ худам пай бурда будам. Дар роҳ мошиниҳокими вилоятро дучор омадам, ки бо сардори ноҳия С. Шарифов аз ҷониби хонаи Наврӯзмуҳаммад ба ҳаракат омада буд. – Ҳокими вилоят Қосимов ба диданам омаданд, додар, суханҳои тасаллибахш гуфтанд, як пиёла чой гирифта рафтанд. Тӯҳфа ҳам оварданд. Муллошомирзо нависед : – Устод бифармоед :

Афтодагӣ омӯз, агар толиби файзӣ, Ҳаргиз нахӯрад об замине, ки баланд аст.

– Шарҳ диҳам ? – Не, ако, мақсадатонро фаҳмидам. – Саломат бошед. – Устод, иншои хатмкунандаи мактабе ба дастам афтод. Муаллиф шуморо қаҳрамони шаш майдон хандааст. Вале марди ҳикматдон, устоди деҳқонон, падари меҳрубон, ростқавлу покниҳоду поктинат ситоиш кардааст. Ин ҳама суханҳо умумиву бедалел. Устодро нафорид гуфторам, ки бо оҳанги норозиёна: – Ман аз осмон ситора наовардаам. Ситораи тиллогине, ки болои синаи банда ҷило медиҳад бароям хеле муқаддасу пурарзиш аст. Вай азони манн нест. Он ситораи нерӯву қудрати халқ аст. Халқ – ҳамдиёрон дар майдони зери осмони офтобаш сӯзон, алайҳи ташнагӣ, маризӣ, гуруснагӣ, сардӣ истодагарӣ бинмуда алами Зафар ба ҷилва овардаанд. Онон – ҳамдиёрон – ҳамон эсизиву муждифиҳои сарлучу пойлуч буданд, ки аз паси ман ба корзор шитофтанд. Дашти ваҳширо мисли дигар масчоҳиёни сар то по ором карданд, ба худ мутеъ сохтанд. – Ҳо додар, нек қазоват кунед. Гузаштагонамон ва мо худ алҳамдуллилоҳ аз дили ҷешилу санги кӯҳ ризқ рӯёнда мардумони дигар шаҳру навоҳиро аз чанголи марг борҳо раҳои бахшем. Ҳамту не, ё газоб меҷӯям ? – Не, ҳаргиз, шумо ҳақед. – Пас чаро аз дили хок зар нарӯёнем ? Албатта, осон набуд ободонӣ, азхудкунии дашт. Ҳама пиру барно қаҳрамонӣ нишон дод. Пас, ба навиштаҳои он нигоранда ҳаргиз розӣ нестам. Мабодо дар рӯзнома он навиштаҳоро чоп накунед. Агар муаллиф халқро фотеҳу қаҳрамон мегуфт… – Марди хирадманд ҳаргиз таърифро дӯст намедоштанд. Аз фаъолияти ишон пурсон шавед, мегуфтанд: ин кардему он анҷом додем. Ва ҳамвора пеши назар ҷонфидоии аҳли диёру дигар ҳам – сангаронро меоварданд. Нашнидаам боре гӯянд: ин кардему он сохтам. На, худхоҳону манмангуёнро аҳли сӯхбат намепиндоштанд. Аммо ҳамагон медонанд, ки муаллифи иншо, ки Наврӯзмуҳаммад Рачабовро дар шаш чабҳа қаҳрамон хонд ғалат нагуфт. Далел: 1 Ба ҳайси муаллим алайҳи бесаводи инқилоб дар равони ҳамдиёрон чиҳод дошт. 2 Алайҳи хунхории гитлерӣ ҷонбозӣ бинмуд. 3 Раиси колхоз ба номи Сталин. Тавонист як хоҷагии мардумонаш қашшоқу дар дами маргро аз гуруснагӣ раҳоӣ бахшад. Иқтисоди колхоз ғани гашт: ҳам гандум фаровон ҳам чорво афзуду хам хусули боғ зиёд шуд. 4 Фатҳи Дилварзин. Колхози “ Зарафшон ” дар ҷумҳури соле то 43 сентнер зар бардошт. 5 Ӯ директори савхози навбунёди “ Правда ”. Коргари тӯли панҷ соли сарварии ин мард ҳосили мислаш диданашу- да ба даст оварданд. 6 Бозгашт ба хоҷагии “ Зарафшон ”- и аз зараф – шонӣ монда. Ҳосилнокӣ, ки дар замони раисии ӯ 43 буд, ба 26 фуро- мад. Кашфи навбати дуюму сеюми азхудкунии Дилварзин. – Бо ин таҳлили шумо ҳам чандон ризо буда наметавонам. Агар, ки пиру барно дар ҷабҳа баҳри саводомӯзиву пирӯзӣ бар душман, тараққии соҳаҳои хоҷагӣ, азхудкунии дашт якҷону яктан муттаҳидона бо азми комил корзор карду Раҷабови маъюб як фарде паҳлӯи онон ба табарзан ҳам мегуфт, хубтар буд . Мирзо Нуров афзуд : – Соли 1965 фармони раиси Сарвари Советии Олии ИҶШС дар бораи ба пешқадаманаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон додани унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ба табъ расид.Он ҷо номи Наврӯз Раҷабову Ҳоҷи Амиров ҳам буд. Баътар аз Иркутск яке аз қумондон- ҳои аскарони сурх, ки муддате дар Ревомутк қарор доштанду дар пахши ошӯбҳо ва барқароркунии Ҳокимияти Совети дар соли 1923 ҷангида буд, нома расид. Вай нигошта буд : манн дар ҳайратам, ки дар кӯҳистон, ки ҳаргиз ба пахтакорӣ мувофиқ нест, мастчоҳиён чӣ гунна “ қаҳраман ” эҷад намудаанд ? Шояд зери нохунак гирифтани кали – маи қаҳрамон барои аскари сурхи собиқ чашмбандиву қаллобиро мефаҳмонд ? Вале номaнавис ғалат карда буд. Пеонерон – кашшофон чанд сурати қаҳрамонону манзараҳои Мастчоҳ ва ба води муроҷиат кардану қаҳрамони воқеи буданро бо далелҳо навишта ба он марди ба шубҳа уфтода, фиристоданд. Собиқ қумондон аз мастчоҳину қаҳрамонон узр хост. Ба ҳамсӯҳбатам чой дароз кардам. Аммо дастам гӯё ҳайрон монд. Ҳазрат дар ҳоли хоб. Ба чеҳраи марди нурони вали аз дарди ранҷи ҷонкоҳ азиятдидаи пӯсту устухон шуда дида дӯхта, қиссаҳои аз ӯ шунидаам якояк пеши чашм ҳувайдо мегаштанд. … Соли аввали раисӣ – 1944 барои ин мард осон набуд. Даст маъюбу докппечу ба гардан овезон, миён ҷароҳотдида, по тирхӯрда. Ба худ андешид : лейтинант, сарвар шудӣ, муаллим будӣ, эҳтиром доштӣ, ба ҷанг рафтӣ, сарбаланд боз омадӣ. Акнун ё аз ин имтиҳони роҳбарӣ – мартабаи падари халқ будан баромада метавонӣ ? Такя ба худову халқи вай кун, ки иншоолоҳ ноумед шайтон будааст. Мӯйсафедони диёр самандеро бо зину лаҷом ороста ба назди раис омаданд : – Мана додар, ин Ҷеран дар ихтиёратон, бисмилло гӯеду савор шавед. Пиёда нагардед. – Дастам маъюбу – гуфт ба табассум ба ҳозирон. – Боке не. Ҷеран меҳрубону гапшунав аст. Худованд кушоиш диҳад ба шумо … – Раҳмат, аҷр аз худо бинед. Раис бо азобе худро болои зин гирифт.Ҷеран гуё ҳама ҳоли худовандашро медониста бошад, наҷунбида гӯш ба фармон бурд. Лаҷомро кашида, аспро чониби саҳро гардониду чу, “ чонвар “ гуфт. Гандумзори кабкабуди аз замин қариб як ангушт боло қад кашида, зери курпаи барф ба ноз хоб. Дарахтони урёнро наззора бинмуд. Гӯё маҳтобӣ гуфташ: – Раис, ғам махӯр, ту тирамоҳ моро об додӣ. Баҳорон саропо ҳоли шукуфон бубин. – Аз тухмавизу толқун турову ҳама паррандаву чарандаро иншоолоҳ, сер хоҳам кард, – гуфт Тут. Ва : – Илтиҷо дорам ману манҳоро аз офати табардастони бедод эмин дор.

Саманд аз бағали чангали зирк кадам мезад. Зикрхори азамати урён лаб ба сухан кушод:

– Эй марди шариф, ба поям бингар, диди паҳлӯи ман холист. Ин субҳдам шахсе чакманпуш бо зоғнул решаи ҳамсояам кофту бо худ бурд. Акнун бар асари кирдори он ноҷавонмард решаҳои ман низ озор диданд, ки дар вуҷуд эҳсосе дард мекунам. Агар бародар чорае наандеши мо ҳама нобуд мешавем, бо мавҷудотамон қирон хохад расид. Ва ҳусни диёр мекохад, бадтар аз ҳама охир мо дору ба ҷисму рӯҳем. Баргу тана, меваам ба ҳазор маризиҳо даво. – Осуда салтанат намо, зирк. Ман тадбирҳои ҳифзи туву ҳамчинсо- нат хоҳам дид. – Худо ҳофизат бод, марди дардошно. Аспи роҳрав ногоҳ бозистоду гӯшҳояшро “ ҷур ” карду чап нигарист. Савора ба он тараф дида дӯхт. Чизе ба чашм нахӯрд. Вале донист ки касе бо табар ба дарахте бархӯрд дорад. Ҷеран ба ҷониби табардор чорхез давид. Пай буду Ҳайдар не. Ҷисми Санҷиди пир, ки дар кӯҳистон Ҷигда- аш мехонанд маҷрӯҳ. Чанд шохи азим аз танаш мехобиданд. Танаи бедастмондаи дарахт мегирист . – Шукри Худо, ки ту омадӣ дӯст, агар лаҳзае чанд дер мекардӣ он нобакор маро аз қаъри замин берун оварда, тӯъмаи оташам месохт. – Иншоолоҳ туро Санҷид умри дубора мебахшам, маъюс мабош, – гуфт марди савора. Аз ин ҳол раис малул гашт. Шабонгаҳ чун одат ҳамаро ба маҷлисгоҳ хонд. Аз ин дидаҳо сухан кард. Гуфт : Агар боре навдаи сул ё шохчаи ҷӯробак бурида бинам, вайронкорро дар ин ҷо ба маҳкама мекашам. Ба ҳама қисматҳо дидбонҳо таъин намуд. Боғу роғ аз табоҳкорон наҷот ёфт. Аммо Ҷеран аз лаҳзаҳои нахуст бо раис унс гирифт. Савора ҳай – вонро зулм нмекард. Ҳаргиз. Дар ҳаққаш ғамхор буд. Охир ин ҳайвони безабон низ ҷон дорад ва ҷони ширин барояш хуш аст. Раис дар фазилати асп аз китобе хонда буд: Асп аз бехтарин ҷон- варони ҳасби сурат ва сират ба ҳар ранге бошад. Ва аз ҷамиъи ҳайво- нот ақлу фаросати ӯ бештар ва аз ҳама тезравтару шунавотар. Ва ахлоқи некӯ дорад. Чун фармонбардорӣ ва зиракӣ ва риёзат. Дар шарафи ӯ ҳамин шофист, ки Рисолатпаноҳ (с) фармуда : Ал – хайру маъқудун бинавос – ил – хайли илло явм – ил – қиёматӣ, яъне некӯӣ баста шуда ба мӯи пешонии аспҳо, то рӯзи қиёмат. Ва низ он Ҳазрат (с) фармуда, ки малоик дар лаҳву бозӣ ҳозир намешавд, магар вақти бозӣ кардани мардон бо занони худ ва дар вақти асп давонидан ва тир андохтан. Баъзе уламо бар онанд, ки хилқати (сиришти ) асп пештар аз одаме аст. Ва гуфтаанд. Аввал касе, ки бар асп савор шуд, Ҳазрати Исмоил (а) буд. Пеш аз он аспон мусаххари касе нашудаанд. Дар сӯҳбат ва мартабаи ҳайвонот сухан рафт. Акои Наврӯзмуҳаммад гуфтанд: – Дар рисолаи “ Саёдия ” хондаам : Агар дандони асп ба кӯдак банданд, дандонаш бе садама барояд. Мӯи думаш ба ҷое биовезанд, пашшаҳо он ҷо наояд. Агар сумаш дар хона дафг кунанд, муш аз он ҷо бигрезад. Ва агар хуни асп дар гӯш чаконд, дард дафъ гардад. Мулломаҳмад Азизов – аз дӯстони қаҳоамони мо вориди сӯҳбат шуд. – Наврӯзмаҳаммад бароям мартабаи устодӣ доштанд. Соли 1970 раиси колхози ба номи Куйбишев интихоб гаштам. Омаданду табрикам гуфтанд. Аз меҳр бо лаҳни “ Ту ” муроҷиат менамуданд, ки хушам меомад. Боре танбеҳам доданд : – Мулломуҳаммад, тундӣ макун, додари ако. Аз дуруштӣ дӯстон бигардонанд рӯ ! Марде, шикастанафсу фурӯхтан, орифу сарвае варзида мешинох- танд устодро. Ҳар бор ба маркази вилояту ҷумҳурӣ сафар кунанд, дар бозгашт бо як бағал китоби тозаинтишор вориди хона мегашттанд. Дидаам басо сарварону зиёиёнро, ки танҳо барои намоишу пур кардани рафҳо адабиёт харидорӣ менамуданд. Наврӯзмуҳаммадро китобхона Дил буд. Ёвагӯву абедонишонро аҳли сӯҳбат намеҳисобиданд. Рукегӯ аммо ҳақгӯ фарде буданд. Пирамарди миёнақади ришаш мошубиринҷ ба аёдати бемор омад. Чеҳра барои аҳли хонадон ношинос. Нишасту аз мариз ҳолу аҳвол пурсид. Бо ишораи сар “ посухи ” шукр хубам, раҳмат мӯйсафед, хуш омадед” гирифт. Аёдатгар : – Агар малол наояд, банда “ Ёсин ” хонда куф кунам. Шояд худованд ба дардашон даво бахшад. – Кошки, дар даму нафасатон мурам, тақсир. Бемор аз нафаси он марди бузург бо марҳамати офаридагор дар ҷисму рӯҳаш сабукие эҳсос бинмуд. Аммо пас аз рафтани ӯ аз фарзандон пурсид. – Мӯйсафедро мешинохтед ? – Не, надонистем. … Наврӯзмаҳаммад ба дидани Абдурозиқ ( равонаш шод бод ) падари сармуҳосиби хоҷагии “ Зарафшон ” Боймурод, ба колхози ба номи Фирдавсӣ меравад. Ҳамин мард низ ба он хона меояд. Пас аз Раҷабов мепурсад : – Мугӯем, раиc, мана шинохтед? – Чехраатон шинос барину… – Не, нашинохтед. Аммо ман то дами марг наметавонам некии шуморо фаромӯш созам. Ҳамсӯҳбат маънидор ба сӯи гӯянда назар афканд: Хуш бифармоед, агар ҳарфе хуш аст. Солҳои баъдиҷангӣ. Гуруснагиву нодорӣ ҳануз домангири ҷомеа буд. Аммо бандаро нияти тӯи хатнаи писар ба сар омад. Аз Ӯротеппа биринҷ овардам. Ҳамаи маводи ба кори хайрро пайдо намудам, ҷуз рӯған. Шунидам, ки колхози ба номи Сталин равғани зағир мефурӯх- тааст.Рӯ ҷониби Эзис ниҳодам. Ба идораи раис даромадам.Ҷавоне хушсурату пероҳани ҳарбӣ ба тан хуррам истиқболам намуду : – Марҳабо, ако, агар ягон хизмате доред гӯшам ба шумо – гуфт. Матлабамро баён намудам. Раис сар ба зер афканду ба андеша фурӯ рафт. Баъди лаҳзае сар бардошту сармусоҳибу мудири анборро наз- даш хонд: – Меҳмон аз Сурхкат, исмашон Раҳматулло: Ба коре хайр камар бас- танд. Аммо мушкилоте доштанд: равған. – Бо қарор фурӯши равғанро қатъ кардем- ку – авзуд сармуҳосиб. – Дуруст мегӯед, – афзуд раис, – аммо меҳмонро ноумед бо дасти холи гусел кардан оё хуб аст ? – Не албатта. – Биёед қонуншиканӣ мекунем. Ҳочати мехмонро бароварда сохта, пас он амали қарорро риоя намоем. Агар шумо бароям некӣ раво намедидед, маро роҳи ағбаи барфпӯшу душвор интизор буд. Чун ин гуфт чеҳраи Наврӯзмуҳаммад ба сони гули намози шом шукуфта гашт. – Хайрият “ чобаатонро “ холӣ нагузоштаам. Вагарна ин дам бади ним аср мегуфтед: – Ноодам, маро ноумед гузоштӣ . Хандону хушҳол пир ба муҳосиб ба забони бузургмарде фузуд:

Рав некӣ бикун, ки даҳр некӣ донад, Ӯ некиро зи некӯвон настонад. Мол аз ҳама монду аз ту ҳам хоҳад монд, Он беҳ ки ба ҷои мол некӣ монад. Раҳмат додар. Аммо он рӯз байте гуфтед, ки ин буд.

То тавони ҳоҷати мискин барор То барорат ҳоҷататро кирдигор.

Ба қавли ако Наврӯзмуҳаммад Мулло аваз қарзи фарзандпадарии хеш он чунон ки бояд ба ҷо овард. Тӯлӣ беш аз чор моҳи маризӣ то охорин нафас сари бистар паҳлӯи бародар қарор дошт. Муҳобот на- хоҳад шуд агар гӯем : аз ӯ дида касе беҳтар “ ташхисгаре “ аз ҳоли Наврӯзмуҳаммад пайдо нест. – Бародарам хурду калонро, қатъи назар аз он, ки ӯ дар кадом вази- фа фаъолият дорад, зҳтиром ба ҷой меоварад. Аммо худо накарда ҳарфе носазо аз касе бишнавад – ҳамон замон дар ҷояш посухе сазовор мегуфт: Колхози “ Зарафшон ” дар ҷумҳурӣ аз хоҷагии ҳосили аз хама баландгаринда буд. Роҳбарони ноҳия ҳар сол як ду сентнер ба ҳосили рекордӣ бор мекарданд. Ин амал косаи сабри раисро лабрез кунонд. Дар як ҷамъомади калон ба супоришгар бо ғазаб гуфт: – Мо ҳосилро ба 43 – сентнер расонидем. Ин аз нақша беш аз даҳ. Инсоф кучост ? Имкони гирифтанаш 45 нест. Чаро дигар хоҷагиҳоро дида наметавонед ? – Бардорад зам кун – ҷавоб гуфт котиби авали ҳизби ҳукмрони ноҳия. Наврӯз паст омад :

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎