ДАРДИ ДИЛИ ПАДАР: МУҲАММАДҶОНИ МАН ЧӢ ТАВР “ҶИҲОД” РАФТ?

ДАРДИ ДИЛИ ПАДАР: МУҲАММАДҶОНИ МАН ЧӢ ТАВР “ҶИҲОД” РАФТ?

Тахмин 24-25 майи соли 2015, як нафар аз рақамҳои тамоман бегона ба ман занг зада гуфт, «дадаҷон, ман Муҳаммадҷонам, хайр, дар ҳаққи ман дуо кун…». Ман ба ҷои дуо чанд дашному ҳақораташ кардам, ки «ту аз чӣ камӣ доштӣ, ки ба ин роҳ рафтӣ?» Охир, кадом падару модар мехоҳад, ки ҷигарбандаш дар як давлати мусалмонӣ рафта мусалмононро бикушад?

Орзуяш ҳарбӣ шудан буд

Вақте моҳи январи с.2014 падарам аз дунё гузашт, аз Русия барои ҷанозаи қиблагоҳам омадам. Баъди маъракаи 40-и падар боз Русия рафтам. Худи ҳамон сол, моҳи август писарам - Муҳаммадҷон 19-сола бисёр хост, ки наздам ояду ҳамроҳам кор кунад, аммо гуфтамаш, ки «ин ҷо осоишгоҳ нест, ки дамгирӣ оӣ! Ту аввал хизмати ҳарбиро дар Артиши Миллӣ адо кун, баъд ҳуҷҷатҳоятро омода намо барои донишҷӯ шудан ба Донишгоҳи ҳарбӣ…». Зеро писарам зиёд мехост, корманди ҳарбӣ бошад.

Аммо ӯ якравӣ карда билет гирифту санаи 1.08.2014 ба Русия, назди ман омад. Касби ман аслан рангубор (мaляр) асту таъмири мошин. Писарамро дар паҳлӯям ба кор гирифтам. Дар рафтору ҳаракати писарам ягон хел нишонаи ифротгароӣ аслан набуд, зеро дар Ватан зери назорати ашаддии бобояш будӣ. Ман аз с.2005 то феврали с.2017 дар Русия муздур будам. Вақте бори аввал Русия рафтам, Муҳаммадҷон хонандаи синфи 2 дар мактаби №3-и ноҳия, зери назорати модараш-Лутфия ва бобояш-Сайфутдин Муҳиддинов буд. Падарам беш аз 50 сол дар мактаб муаллими фанни забону адабиёт ва таърих буд.

Барои пешвоз рафту барнагашт

Хуллас, рӯзи 12.04.2015 писарам гуфт, ки «ҳамсинфам аз Тоҷикистон омадааст ва бояд рафта аз истгоҳи автобуси «Белока менное шоссе »-и шаҳраки Видное биёрам…». Писарам аз раҳу рӯ, ки нағз ошно буд, гуфтам, «майлаш, рав биёр».

Писарам рафту дигар 1-2 соат бедарак шуд. Ҳамроҳаш телефони мобилӣ дошт, аммо тилфонаш «недоступен». Баъд дар дилам алоб афтоду зуд ба шуъбаи полиси шаҳри Видное (ноҳияи Ленини вилояти Маскав) рафта, ба навбатдори шуъба гуфтам, ки «писарам Муҳаммадҷон 2 соат боз бедарак аст. Нохост ба шуъба наоварда бошанд?» Навбатдор журнали бақайдгириро аз назар гузаронида, ному насаби писарамро ҳарчанд ҷуст, аммо наёфт. Ман ба ӯ бовар накарда гуфтам, ки сардорат ҳамин ҷост? Гуфт: бале!

Пеши сардораш-В.Н.Данеевич даромада, писарамро суроғ кардам. Сардор гуфт, ки «на, писарат ин ҷо нест. Агар аз болои муҳоҷирон ягон шикоят бошад, пас рафта боздошташ мекунем. Ҳоло 3 рӯзи дигар тоқат кун, агар фарзандатро наёбӣ, баъд ариза навис, дар асоси он писаратро дар «розыск» медиҳем. Вагарна мо ҳуқуқи беасос ҷустани касеро надорем».

Бо рейси «2130 S » ба ҷиҳод

Гумонам аз беному нишон шудани ӯ ин буд, ки шояд бо ҳамсинфаш-Сафаров Неъматулло Рӯҳуллоевич ба сайру саёҳат, ба театр рафта бошанд. Ба Тоҷикистон, ба телефони очааш занг зада гуфтам, «писарам барои пешвозгирии ҳамсинфаш-Неъматулло рафту бедарак шуд. Ту зуд ба хонаи ҳамсинфи Муҳаммадҷон рафта аниқ кун, ки ин ҳар 2 дар Маскав куҷо шудаанд?» Ҳамсарам баъди чанд лаҳза занг зада гуфт, «онҳо низ дар ташвишанд ва ҷустуҷӯ доранд, ки Неъматулло дар куҷост».

Худи ҳамон рӯзи 12 апрел, баъди чанд дақиқаи гуфтугӯ бо занам, Руҳулло Сафаров Ҳақназарович-падари Неъматулло ба ман занг зада бо изтироб гуфт, «ман падари Неъматулло ҳастам, писаратро ёфтӣ? Ҳозир дарак ёфтам, ки бачаҳо бо рейси «2130 S -Шереметово-Истанбул», соати 8:00 бо вақти Маскав ба Туркия парида рафтаанд». Пурсидам, ки барои чӣ рафтаанд? Гуфт: «Ба ҷиҳод рафтаанд!». Дастонам ларзиду дилам тапид…

Аз Руҳулло пурсидам, ки аз куҷо дарак ёфтӣ, онҳо ба ҷиҳод рафтаанд? Гуфт: «Ман ин хабарро аз Аброров Зайнал Акмалович-бошандаи деҳаи Сомониёни ноҳияи Шаҳритус шунидам. Зеро Оятулло-писари Зайнал низ ҳамон рӯз ба Туркия бо ҳамон рейс рафтанӣ будааст, аммо Оятулло ҳини парвоз ба Туркия, дар аэропорт халос хӯрдааст…».

Чӣ тавр Оятулло халос хӯрду писари мо не?

Гап сари ин аст, ки Оятулло чӣ хел халос хӯрду писари ману Руҳулло не. Тавре шунидам, ҳамон шабе, ки бояд Оятулло низ бо ҳамон рейс мерафт, афроди огоҳ аз қазия ба наздиконаш занг зада гуфтаанд, «ҳушёр шавед, ки Оятулло шояд фардо ба Туркия биравад. Паспортро аз кисааш гиред». Зайнал нисфишабӣ аз ҷайби Оятулло паспорташро гирифта дар куҷое руст мекунад, агар не, ӯ низ писарашро аз даст медод. Хуллас, ману Руҳулло-падарони писаргумкарда дар ҳайратем, ки чӣ касоне ба Зайнал занг зада аз қазия огоҳ карда, писарашро халос намудаанд? Чаро моро ҳам огоҳ накарданд? Шояд интиқолдиҳандагон ба Туркия бо писари Зайнал ягон контакт доштанд. Зеро ҳич мумкин нест, ки Зайнал надониста паспорти Оятуллоро руст кунаду аз қазия огоҳ набошад. Зеро баъдан хабар ёфтем, Зайнал 100% медонистааст, ки дар ҳамин гурӯҳи ба Туркия равандаҳо писари ману Руҳулло низ будааст. Ана гап дар куҷост.

Баъди он, ки Руҳулло гуфт, «писари мо ба Туркия, барои ҷиҳод рафтааст…», ман дар ҳайрат мондаму аз ҳуш рафтам. Ростӣ, то ҳамон лаҳза дарди дил ва инфаркт надоштам. Вақте ба ҳуш омадам, дар беморхона хобидаам. Охир, то ҳамин вақт ҳич фикр намекардам, ки писарам ба ин роҳи бад мераваду доғи ҷамъият мешавад, зеро бобояш муаллим буду аҳли китоб. Ӯ ягон қадам бе иҷозати бобояш намегузошт.

Салиби Сурх фақат барои русҳост?

Вақте назди Вера-котиби сардори Шуъбаи пулиси ш.Видное рафтам, то аниқ кунад, ки писари ман воқеан ҳам ба Туркия рафтааст, ӯ гуфт, «шумо назди ҳамкорам майор равед, маълумот медиҳад». Вақте назди майор (афсӯс ному насабашро фаромӯш кардам) рафта, арзамро гуфтам, ки «шумо аниқ карда метавонед, дар рейси «2130 S » бо ному насаби Муҳаммадҷон Муҳиддинов ва Неъматулло Сафаров ҳаст?» ӯ гуфт, «баъди 20 дақиқа аниқ мекунам». Баъди ним соат пешаш омадам, гуфт, «бале, бо ҳамин ному насаб дар рӯйхати парвозкунандагон ба Туркия ҳаст, аммо аз ин зиёд маълумоти бештар бихоҳӣ, беҳтараш ба ФСБ муроҷиат кун».

Аз пеши майор баромада, дар ҳавлии Шуъба Вераро дида гуфтам, илтимос ба ман кӯмак намо. Ӯ гуфт, «аз ҳама хубаш ба Салиби Сурх муроҷиат кун, агар писарат воқеан дар Сурия бошад, онҳо метавонанд, ӯро дар ҳолати дар ҷанг захм бардоштан, аз госпитал гурезонанд…».

Аз рӯи маслиҳати Вера, ба офиси Салиби Сурх, воқеъ дар наздикиҳои «Метро Белорусская»-и Маскав рафтам. Дар Салиби Сурх ба арзи ман гуфтанд, «мо аризаҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистонро намегирем. Чунки давлати шумо мустақил аст. Шумо бояд ба Ҳилоли Аҳмар муроҷиат кунед…».

Роҳбалади писарам қирғиз буд

Аз он ҷо баромада ба «Метро Лубянка»-и ш.Маскав омада, хостам, бо Александр Василевич Бортников-раҳбари ФСБ сӯҳбат кунаму кӯмак бигирам. Бо навбатдори ФСБ сӯҳбат кардам, ӯ аз ман паспорт пурсид. Паспортамро нишон додам. Дар ФСБ навбатдор ва чанд каси дигар нағз маро гӯш карда, гуфтанд, «дар ин масъала шумо аввал ба идораи ФСБ-и ш.Видное муроҷиат кунед. Дигар ин ки ҳоло Бортников банд асту серкор…».

Аз он ҷо баромада ба идораи ФСБи ш.Видное рафтам. Маро аз берун тавассути видеокамера пурсиданд, ки «ту кистӣ, чӣ мехоҳӣ?» Баъди фаҳмидани арзам, иҷозати вуруд доданд. Вақте дохили идора шудам, аз «рентген»-и санҷишӣ гузаронида, назди масъул бурданд ва аз ӯ фақат ҳаминро хостам бифаҳмам, ки «чӣ касе фарзанди маро аз таҳи биниям гирифту бурд?» Ӯ барои ҷавоб ба ин суол 1 моҳ мӯҳлат дод. Пас аз 1 моҳ масъули ФСБи Видное телефонӣ даъватам карда, ҳама снемкаҳои онрӯзаи аэропорти Шереметоворо нишон дода, тибқи нишондоди ман, акси писарамро аз дурбини видеокамераҳо ба дастам дод. Воқеан, дар акс дида мешавад, ки писарам Муҳаммадҷон бо ҳамсинфаш-Неъматулло ва пеш-пеши онҳо 1 ҷавони қирғиз ба самте дар ҳаракатанд. Баъди ҳамин фаҳмидам, ки роҳбалади онҳо ҳамун қирғизбача будааст…

Занги охири писар: «Дар ҳаққи ман дуо кун»

Тахмин 24-25 майи соли 2015, 1 нафар аз рақамҳои тамоман бегона ба ман занг зада гуфт, «дадаҷон , ман Муҳаммадҷонам, хайр, дар ҳаққи ман дуо кун…». Ман ҳам якбора аз ҷо хеста, ба ҷои дуо чанд дашному ҳақораташ кардам, ки «ту аз чӣ камӣ доштӣ, ки ба ин роҳ рафтӣ? Ҳамаро дар ғам тар кардӣ. » Бисёр гапҳои пасту баландаш гуфтам, аммо баъдан писарам ҳамагӣ ҳамин қадар гуфт, ки «дадаҷон маро бубахш, ин ҷо зиёд гап зада намешавад. Чунки дар пешам одам бисёр…». Яке буд, бо ҳамин алоқа канда шуд. Ба ҳамун рақами воридотӣ ба писарам занг зада, хостам, ки бештар сӯҳбат кунам, аммо дигар нашуд ва «гудок» нарафт. Барои ман аз фазои сӯҳбати писарам ҳамин қадар маълум шуд, ки писарам ба фикрам аз почтаи ҷамъиятӣ занг зада сӯҳбат мекард, чунки дар вақти гуфтугӯ доду мағали бачаҳо аз ун тарафи гӯшӣ, шунида мешуд. Худи ҳамон лаҳза рақами телефонро бурда ба ФСБ - и ш.Видное дода пурсидам, «ин рақами телефони куҷост?». Масъули ФСБ гуфт, ки «ин рақами телефон аз давлати Булғория аст».

Бекорию беназоратӣ - иллати ҷиҳодравӣ

Ҳолиё пай бурдам ва дарк намудам, ки омили асосии пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ин бекорӣ дар ҷои зист ва бе назорат мондан аз ҷониби падару модар будааст. Ҳамчунин, омили дигари пайвастану «вербовка»-и ҷавонон ин дидани телеканалҳои диниву ифротӣ тариқи антеннаҳои параболӣ аст… Охир, кадом падару модар ҷигарбанди худро дар роҳи қатлу ҷиҳод мебарад ва ё ба рехтани хун мефиристад? Кӣ мехоҳад, ки ҷигарбандаш дар як давлати мусалмонӣ рафта мусалмононро бикушад? Инак, 2 сол боз ба бемории фишори хун, сактаи қалб ва қанд гирифтор шудам. Ҳамсарам низ то ҳол маризи бистарӣ аст.

Ман аз мастӣ не, аз норасоии рӯзгор аз с.2005 то с.2016 дар Русия муздур будам. Агар дар Ватанам кору шуғли дурусту ҳаққулмузди кофӣ барои зиндагӣ меёфтам, магар ба Русия мардикорӣ мерафтам?

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎