ТАҶОВУЗИ ПАДАР БА НОМУСИ ДУХТАРАШ
Бино ба гузориши як нашрияи маҳаллӣ, як сокини ноҳияи Ҳисор бо гуноҳи таҷовуз ба номуси духтараш ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст. Ин духтар чанд рӯз пеш аз падараш писар таваллуд кардааст, вале мехоҳад забонхат навишта, аз ин кӯдак даст бикашад.
Сомонаи Tajikistantimes.tj - пойгоҳи интернетии нашрияҳои "Тоҷикистон" ва "Оила" - дар як матлаб бо номи "Ҳисор: Духтар аз падараш писардор шуд ” дар бораи як қазияи таҷовузи падар ба номуси духтараш хабар додааст. Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки баъди ошкор шудани қазия хешовандонаш мехоҳанд Аҳлиддин, сокини деҳаи Ҳамдилони колхози ба номи Ҳайдар Мирови ноҳияи Ҳисорро ба Русия гурезонанд, вале ӯро дар маҳаллаи "Мясокомбинат”-и Душанбе дастгир карда ва рӯзи 21 июли соли 2016 бо ҳукми додгоҳ ба 25 соли зиндон маҳкум кардаанд.
Инобат, модари ин духтар дар сӯҳбат бо хабарнигори Tajikistantimes.tj гуфтааст, ки соли гузашта модарашро фишори хун аз по афтонд ва ӯ барои парастории модараш рафт. Вале шавҳараш Аҳлиддин як дафъа ба ӯ мегӯяд, ки духтарашон Мавлударо бо худ набарад, то ки барои ӯ хӯрок таҳия кунад. Ба гуфтаи Инобат, падараш ҳамон шаб бори аввал ба номуси Мавлуда таҷовуз кардааст.
Инобат дар сӯҳбат бо хабарнигори Tajikistantimes.tj гуфтааст : " Вақти тафтишот ин саволро ба Мавлуда чанд бор доданд. Духтарам гиря карда гуфт, ки вақте модарам ба хонаи бибиам рафтанд, падарам бо зӯри мушту лагад бокирагии маро гирифт ва кордро дар гулӯям монда, таҳдид кард, ки агар ба касе дар ин бора даҳон кушоӣ, туро бо ҳамин корд реза-реза мекунам. Либосҳоям пур аз хун буданд, падарам худаш дар болои сарам истода маҷбур кард, ки онҳоро шуста обашро ба ҳоҷатхона партоям, то касе набинаду пай набарад.
-Ин ҳодиса танҳо як маротиба рӯй додааст?
-Не, аз рӯйи гуфти Мавлуда се маротиба, як бор дар хонаю ду бор дар таҳхонаи худамон. ”
Баъди чанде дамидани шиками Мавлуда боиси гапу калочаҳо мешавад ва Аҳлиддин барои пӯшондани сирри ҷинояташ Мавлударо маҷбур мекунад, ки доруи исқоти ҳамл бихӯрад. Вале аз истеъмоли ин дору аҳволи духтар бад мешавад ва модараш ӯро барои муоина ба бемористон мебарад. Инобат дар бемористон аз забони табибон бори аввал мефаҳмад, ки духтараш ҳомила аст.
Ӯ гуфтааст, ки бо ин вуҷуд шавҳараш то чанд муддати дигар сир бой надод ва на ӯву на Мавлуда қоил намеомаданд, ки падари кӯдаки батни духтар кист? Сир танҳо замоне ошкор шуда, ки ҳамсояҳо гумони бад бурда, ба милиса хабар додаанд.
Инобат дар ин бора мегӯяд: " Ҳамсояҳо ба милиса дар ин бора хабар дода будаанду онҳо пурсуҷӯро аз аҳли оила сар карданд. Онҳо аз падараш гумонбар шуданд, вале Аҳлиддин пофишорӣ мекард, ки суханҳо дар ҳақи ман туҳмат аст, наход ман бо фарзанди худам чунин кори ҳаромро кунам. Ростӣ, худам ҳам аввал ба ин гап бовар накардам, вале вақте духтарам иқрор шуд, ки тифли батнаш аз падараш аст, ҳангу мангам канда назди шавҳарам даромадам ва зорӣ кардам, ки рости гапро гӯяд. Аҳлиддин қоил нашуд, ки ин кори разилонаро бегона не, худи вай кардааст. Милисаҳо ҷиянҳояшро як –як пурсидан гирифтанд. Билохира, баъд аз пурсуҷӯҳои бисёр рӯзе худи шавҳарам ба гуноҳаш иқрор шуда гуфт: "Занак, маро бубахш, ин корро каси дигар не, худи ман кардам!» Сахттарин зарбае, ки дар зиндагӣ хӯрдам, ҳамин иқрори қисматсӯзи шавҳарам ба гуноҳи гӯшношунид ва нобахшиданиаш буд… ”
Ба гуфтаи Инобат, баъди фош шудани асли қазия хешовандони шавҳараш дар байн даромадаанд, ки барои гирифтани пеши роҳи ин бадномӣ онҳоро. оштӣ диҳанд: " Ҷиянҳои шавҳарам маро ба гап дароварданӣ шуда гуфтанд, ки янга, шумо боз ду фарзанди дигар доред, фикри бачаҳоятро карда, гуноҳи тағоямро бубахш ва зиндагиатро давом деҳ, вале виҷдонам набардошт. Ман наметавонистам бо марде, ки ба фарзанди худаш дастдарозӣ кардааст, дубора дар як болин сар монам. Ҳарчанд зориву тавалло карданд, гуноҳи Аҳлиддинро набахшидам. Ҷиянҳои шавҳарам диданд, ки маро ба гап дароварда наметавонанд, бо кадом роҳи дигари барои ман нофаҳмо парвандаро хобонда, тағояшонро ба Русия гурезондан хостанд, аммо тирашон хок хӯрд. Бародаронам ба суди олӣ муроҷиат намуданд ва дере нагузашта шавҳарамро аз маҳаллаи Мясокомбинат дастгир карда, ба дастонаш завлона заданд ва бо ҳукми суд ба муҳлати 25 сол ба зиндон равон карданд. Ҳукмаш рӯзи 21-июл баромада буд ва ҳоло Аҳлиддин дар маҳбас аст. ”
Инобат гуфтааст, ҳоло хешовандони шавҳараш ӯро сабаби чунин бадном шудани авлодашон мешуморанд ва мехоҳанд аз хонае, ки зиндагӣ доранд, берун кунанд. Вале ӯ мӯътақид аст, ки пинҳон доштани ин кори нангин боз як гуноҳи дигар мешуд.
Ӯ мегӯяд, духтараш се рӯз пеш писар ба дунё овард, вале бояд забонхат навишта, аз кӯдак даст бикашад. Хабарнигор гуфтааст, кори ношуданӣ шуду даст кашидан аз кӯдак дигар маъно надорад. Вале Инобат гуфта, ки "медонам, ки ин сир аллакай овоза шудаасту дигар офтобро бо доман пӯшонда намешавад, вале мо он кӯдакро ба хона оварда наметавонем. Метарсам, ки ҳамсояҳо моро аз деҳа бадарға мекунанд. "
Дар қонунгузории Тоҷикистон алоқаи ҷинсӣ бо хеши наздик таҷовуз ба номус ва ҷинояти вазнин дониста мешавад. Банди сеюми моддаи 138-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои таҷовуз ба номуси хеши наздик ҳамчун муҷозот аз 12 то 25 соли зиндон ваё ҳабси умрбодро ҳамчун муҷозот пешбинӣ мекунад. Барои чунин ҷиноят дар ин банди қонун ҳукми қатл низ ҳамчун ҷазо муқаррар шудааст, вале ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз соли 2004 таҳти мораторий гузошта шудааст.